Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: Як марди 39-сола дар Душанбе худро овехтааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як марди 39-сола дар Душанбе худро овехтааст. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба Раёсати корҳои дохилии пойтахт иттилоъ дод. Сомона навишт, ҳодиса 11-уми феврал дар варзишгоҳи “Авиатор”-и ноҳияи Шоҳмансур рӯй дод. Қазияро додситони ноҳия таҳқиқ дорад. Дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтаанд, ҳодисаро ҳамчун худкушӣ сабт карданд, аммо сабабҳояш маълум нест. Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар (занону мардон ва наврасон) худкушӣ мекунанд. Баъзе аз ин мавридҳоро ба бемории равонӣ ва баъзеи дигарро ба ҷанҷоли оилавӣ рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG