Мақомоти пулис дар Қазоқистон ҷасади баъзе аз қурбониёнро аз гӯр берун овардаанд, ки дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматии моҳи январи имсол кушта шуданд. Хешовандони онҳо мегӯянд, мухолифи берун овардани ҷасади азизашон буданд ва ҳоло метарсанд, ки ин қурбониёни рӯзҳои тазоҳуротро террорист эълон накунанд.
Ҷасади Бекзод Пирзодаро бар хилофи хоҳиши аъзои хонаводааш барои ташхис аз гӯр берун овардаанд. Ҳамсараш Гулҷаннат Қалиева мегӯяд, “ба онҳо гуфтем, ки иҷоза намедиҳем. Онҳо гуфтанд, касе аз Шумо напурсидааст. Ҳамин корро карданд.”
Бекзод Пирзодаи 37-сола рӯзи 5-уми январ аз зарби тири туфанг кушта шудааст. Аъзои оилааш мегӯянд, ӯ бо мошин аз назди идораи пулиси шаҳри Қизилорда мегузаштааст. Дар он рӯз дар ин шаҳру гӯшаҳои Қазоқистон ба нишони эътироз аз болоравии нархҳо, музди каму ришвахорӣ тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ сар зад. Ҳукумати Қазоқистон тазоҳургаронро террорист номид.
Гулҷанат Қалиева мегӯяд, «мақомот гуфтанд, ки бояд навъи тири хӯрдаашро маълум кунанд, чун барои судури шаҳодатномаи марг лозим аст. Гуфтем, ба мо шаҳодатномаи марг зарур нест. Мо касеро барои марги ӯ ҷавобгар карданӣ нестем. Ба мо чизе лозим нест.»
Наворро дар инҷо бинед:
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ҷараёни тазоҳурот 227 нафар кушта шуданд. Ҳоло оилаҳои баъзе аз қурбониён метарсанд, ки азизони онҳоро террорист меноманд.
Марат Мусобекови 61-сола рӯзи 5-уми январ дар Алмаато кушта шуд. Ҷасади ӯро ҳам аз гӯр берун оварданд. Ҳамсараш Айнош Смагулова гуфт, «мақомот мегӯянд, тафтиш идома дорад. Ман фақат мехоҳам тафтишот дуруст бошад. Намедонам, ки ба мо чӣ хоҳанд гуфт. Шояд гӯянд, ки берун рафт ва ӯро террорист пиндошта куштанд. Онҳо чӣ ҳақ доранд, ки ба мардум тир мезананд.»
Баъди хидмат дар артиши Шӯравӣ, Мусобеков омӯзгор шуда, чанд сол пеш ба фаррошӣ гузаштааст. Дар вақтҳои холиаш дуредгарӣ мекард.
Кукайхон Койтайлакова, ҳамсояи Марат Мусобеков, гуфт, «бисёр меҳрубон буд. Ин хонаро бо ҳамсараш Айнош сохтанд. Босавод буд. Ҳамеша корҳои хонаро мекард, ҳавлиро ҷорӯб мезад, шохаҳои дарахтонро мебурид. Ҳамеша банди коре буд.»
Мақомот ба суолҳо дар бораи ин ду қазия ҷавобе надоданд. Номи 227 қурбонӣ дар тазоҳуротро ҳам то кунун нашр накардаанд.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?