Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон пешсафиашро дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 идома медиҳад


Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот мунтахаби Олмон бо касби 9 медал (6 тилло ва 3 нуқра) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Норвегия бо касби 12 медал (5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ кардааст. Мунтахаби Австрия, ки 14 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтааст, дар мақоми севум қарор дорад. Зимнан, австриягиҳо аз ҷиҳати теъдоди медалҳо ҷойи аввалро касб кардаанд.

Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки аз 222 варзишгар (114 мард, 108 зан) иборат аст. Варзишгарони ИМА дар ҳамаи 7 намуд барои медалҳо мубориза мебаранд. Баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот мунтахаби ИМА бо касби 10 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми чаҳорумро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳ дастаи пешсаф, инчунин Нидерланд (4 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ), Шведсия (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ), Чин (3 тилло ва 3 нуқра), Италия (2 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (2 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ), Ҷопон (2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.

Зимнан, ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ мунтахаби Беларус бо як медали нуқра дар ҷойи 20-ум ва мунтахаби Латвия бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 24-ум қарор доранд.

Ҳамин тариқ, дар шаш рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 25 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 19 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) то рӯзи 20-уми феврал мубориза мебаранд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок надоранд, зеро ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 Туркманистон низ ширкат намеварзад.

Имрӯз, 11-уми феврал, варзишгарон барои ҳафт маҷмуи медалҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022 мубориза мебаранд. Дар рӯзи ҳафтум мусобиқот оид ба биатлон (занон), лижаронии кӯҳӣ (занон), кёрлинг (занон ва мардон), скелетон (мардон ва занон), сноуборд (мардон), ҳоккей (мардон ва занон), конкитозӣ (мардон), пойгаи лижатозӣ (мардон), бобслей (мардон ва занон), ҷаҳиш аз трамплин (мардон) ва шорт-трек (занон ва мардон) доир мегардад.

XS
SM
MD
LG