Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 Олмон пешсаф шуд


Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин.

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот мунтахаби Олмон бо касби 8 медал (5 тилло ва 3 нуқра) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо ба ҷойи аввал баромад.

Мунтахаби Норвегия бо касби 10 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ кардааст. Мунтахаби Шведсия, ки 7 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтааст, дар мақоми севум қарор дорад.

Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки аз 222 варзишгар (114 мард, 108 зан) иборат аст. Варзишгарони ИМА дар ҳамаи 7 намуд барои медалҳо мубориза мебаранд. Баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот мунтахаби ИМА бо касби 9 медал (3 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми 4-умро соҳиб шудааст.

Дар байни даҳ дастаи пешсаф, инчунин Нидерланд (3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ), Чин (3 тилло ва 2 нуқра), Австрия (2 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ), Италия (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (2 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ), Словения (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.

Зимнан, ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ мунтахаби Беларус бо як медали нуқра дар ҷойи 20-ум қарор дорад.

Ҳамин тариқ, дар панҷ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 25 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 19 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) то рӯзи 20-уми феврал мубориза мебаранд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок надоранд, зеро ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 Туркманистон ширкат намеварзад.

Имрӯз, 10-уми феврал, аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022 мусобиқот оид ба лижаронии кӯҳӣ (мардон), кёрлинг (занон ва мардон), скелетон (мардон), сноуборд (занон ва мардон), рақси рӯи ях (мардон), фристайл (омехта), ҳоккей (мардон), конкитозӣ (занон), пойгаи лижатозӣ (занон) ва чанаронӣ (эстафета) доир мегардад.

XS
SM
MD
LG