Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси МТС: "Тағйир додани ҳудудҳои маъмурии Тоҷикистон ба нафъи якпорчагии кишвар нест"


Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.
Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, тағйир додани қаламрав ё ҳудуди минтақаҳои кишвар "ба манфиати якпорчагӣ ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон нахоҳад буд". Ин матлабро Хайриддин Усмонзода, раиси тозатаъйини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иброз дошт. Қаблан шуморе аз вакилони маҳаллӣ ва мақомоти Ванҷу Дарвоз эҳтимоли ҷудо шудани ин ноҳияҳоро аз қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон матраҳ карда буданд. Ин амр боиси норозигиҳо шудааст.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки чунин пешниҳодҳо назари фардии як вакил ё намояндаи ҳукумат мебошад ва бозгӯкунандаи дидгоҳи ҳукумат нест.

"Дар робита ба тағйири ҳудуди вилояти Бадахшон, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бояд бигӯям, ки ин назари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нест. Намояндагони мардумӣ ба сурати инфиродӣ ҳам метавонанд фикру андешаҳои худро баён кунанд, вале онҳо наметавонанд дар маҷмӯъ мавқеъгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро инъикос кунанд. Барои ҳамин, ин мавзӯъро мехоҳам хеле содда ва рӯшан баён кунам, то аз тариқи расонаҳои шумо ин мавзӯъ дастраси тамоми сокинони кишвар гардад. Ҳуқуқу масъулияти тағйир додани ҳудудҳои маъмурии Тоҷикистон дар ихтиёри ниҳодҳои махсуси давлатӣ аст, ки онҳо инро амалӣ мекунанд".

Вай афзуд, ки гузоришеро ахиран дар ин робита ба ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод карданд, ки тағйир додани ҳудуди минтақаҳои кишвар, ба манфиати якпорчагии Тоҷикистон нест.

"Воқеан ҳам, вобаста ба ин масъала чанд рӯз пеш мо як маводи таҳлилиро низ дастраси мақомоти дахлдори давлатӣ намудем, ки чунин мавқеъгириҳои баъзе аз нафароне, ки дар мақомотҳои давлатӣ кор мекунанд ва худро чунин муаррифӣ мекунанд, ин ба манфиати якпорчагиву ваҳдати комили сокинони кишварамон нест. Бинобар ҳамин ҳам, мо ба ҳудудҳои марзиву маъмурии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон арзи эҳтиром мегузорем ва ин масъала мавриди шакку таҳдид қарор надорад",-афзуд ӯ.

Бори аввал аст, ки як мақоми расмии ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пешниҳодҳои ҷудо шудани бархе ноҳияҳо аз ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ошкор ва муфассал, ибрози назар менамояд.

Моҳи декабри соли гузашта Ҳаким Давлатзод, намояндаи мардуми Дарвоз дар маҷлиси ВМКБ дар ҷаласа вакилони вилоят гуфт, дар сурати давом ёфтани бесуботӣ дар вилоят, ноҳия барои ҷудо шудан иқдом хоҳад кард. Ин баёнияи сиёсӣ пас аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи маҷлиси вилоятӣ садо дод.

Давлатзод дар суханронии аз қабл омодашудааш эътирозҳои 25-28-уми ноябри имсолро дар шаҳри Хоруғ, ки пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков дар пайи амалиёти вижаи ниҳодҳои қудратӣ ба вуқуъ пайвастанд, танқид кард. Ба гуфтаи вай, чунин эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ аз сӯи "гуруҳҳои ҷиноӣ" пайваста сар мезананд, ки пешрафти ноҳияи Дарвозро халалдор мекунанд. Ӯ, инчунин, таъкид кард, ки бошандагони ноҳияи Дарвоз дар шаҳри Хоруғ эҳсоси амният намекунанд.

"Дар сурати таъмин нашудани амният ва субот дар саросари вилоят, мо ояндаи ноҳияи Дарвозро дар ҳайати минтақаи дигар мебинем",-гуфта буд Давлатзод ҳангоми ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ.

Баёнияи Давлатзод дар байни сокинони ВМКБ, аз ҷумла бошандагони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ҳам бо вокуниши густурдае дучор шуд. Зодагони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва водии Язгулом, ки аксаран дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ норизоиятии худро пинҳон намекарданд.

Он замон бархе коршиносон гуфтанд, ки ин танҳо назари як вакили вилоятӣ аст ва аҳамияти зиёд надорад. Аммо ба гуфтаи Маҳдӣ Собир, корманди собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, лағв ё бекор кардани худмухтории ВМКБ солҳост, ки мавзӯи доираҳои бастаи ҳукумат аст.

Мақоми ВМКБ дар моддаи ҳафтуми Конститутсяи Тоҷикистон зикр шудааст. Бар асоси моддаи 100-и Конститутсия тамомияти арзии давлат тағйирнаёбанда хоҳад монд. Ба ҷуз ин, тибқи қонун "Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйир додани тамомияти арзии ВМКБ наметавонад ба раъйпурсӣ гузошта шавад.

ВМКБ кулли қисмати шарқии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва бо масоҳати бештар аз 64 ҳазор метри мураббаъ бузургтарин минтақаи кишвар мебошад. Тибқи омори аввали соли 2021, аҳолии вилоят ҳудуди 250 ҳазор нафар будааст. Бештари сокинони ВМКБ бо забонҳои эронии шарқӣ (гуруҳи забонҳои помирӣ) гуфтугӯ мекунанд ва пайрави мазҳаби исмоилӣ (яке аз шохаҳои шиа) мебошанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистон ҳамсарҳад аст.

XS
SM
MD
LG