Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норвегия дар Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 пешсафиро ба даст гирифт


Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекин.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекин.

Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 9 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ ба ҷойи аввал баромад.

Мунтахаби Шведсия бо касби 7 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ кардааст. Мунтахаби Нидерланд, ки 7 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтааст, дар мақоми севум қарор дорад.

Дар байни даҳ дастаи пешсаф, инчунин Чин (3 тилло ва 2 нуқра), Олмон (3 тилло ва 2 нуқра), Италия (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (2 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ), Австрия (2 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ), Словения (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва Фаронса (1 тилло ва 4 нуқра) ҷойгир шудаанд.

Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки аз 222 варзишгар (114 мард, 108 зан) иборат аст. Варзишгарони ИМА дар ҳамаи 7 намуд барои медалҳо мубориза мебаранд. Баъди натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқот мунтахаби ИМА бо касби 6 медал (0 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми 17-умро соҳиб шудааст.

Зимнан, ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ мунтахаби Беларус бо як медали нуқра дар ҷойи 18-ум қарор дорад.

Ҳамин тариқ, дар чаҳор рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 22 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 16 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) то рӯзи 20-уми феврал мубориза мебаранд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок надоранд, зеро ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 Туркманистон ширкат намеварзад.

Имрӯз, 9-уми феврал, аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022 мусобиқот оид ба лижаронии кӯҳӣ (занон), дуҳарба (мардон), кёрлинг (мардон), ҷаҳиш аз трамплин (мардон), чанаронӣ (мардон), скелетон (мардон ва занон), сноуборд (занон ва мардон), фристайл (мардон), ҳоккей (мардон) ва шорт-трек (занон ва мардон) доир мегардад.

XS
SM
MD
LG