Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти нав дар Қазоқистон. Гуруҳе кор меҷӯянд, дигарон аз шиканҷа шикоят доранд. ВИДЕО


Тазоҳуроти корҷӯён дар Жанаозен. 3-юми феврали 2022
Тазоҳуроти корҷӯён дар Жанаозен. 3-юми феврали 2022

Сокинони Жанаозен (ҳудуди вилояти Мангистау)-и Қазоқистон як ҳафта боз бо талаби кор дар соҳаи нафту газ гирдиҳамоӣ доранд. Дар рӯйхати шахсони корҷӯ дар ин шаҳр номи 2500 нафар дарҷ шудааст. Эътирозҳои моҳи январи имсол дар минтақаҳои Қазоқистон аз Жанаозен оғоз ёфта буд. Дар ин ҳодиса садҳо кас кушта ва ҳазорҳо нафар боздошт гардиданд. Мақомот тазоҳургаронро ба талоши ғасби ҳокимият гунаҳкор мекунанд, мардум аз саркӯб мегӯянд.

Шикоят аз шиканҷа ва бадрафторӣ

Котиби маҷлиси вилояти Мангистау ва як вакили маҳаллӣ рӯзи 7-уми феврал ба назди эътирозгарон баромаданд, аммо мардум ба онҳо гӯш надоданд. Дертар гурӯҳи эътирозгарон бо раиси шаҳри Жанаозен, Мақсад Ибагаров, суҳбат карданд. Раиси шаҳр гуфтааст, барои баррасии талаби онҳо як кумисюн таъсис медиҳад, вале, ба навиштаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, эътирозгарон бовар надоранд.

Таҷаммӯи навбатии мардум дар минтақаи нафтхези Жанаозен як моҳ баъди эътирозҳои мардумӣ аз болоравии нархи гази моеъ барпо мешавад, ки баъдан ба минтақаҳои дигар "кӯчид" ва ба хушунат печид. Ба иттилои расмӣ, дар ҳодисаҳои моҳи январ дар Қазоқистон 227 нафар кушта ва 10 ҳазор кас боздошт шудаанд. Хешовандони дастгиршудаҳо аз бадрафториву шиканҷа ва озори наздиконашон дар боздоштгоҳҳо хабар медиҳанд.

Самал Алипбоева, сокини Алмаато, як моҳ боз писарашро надидааст. Писараш Азамат Амонгелдиев мисли даҳҳо нафари дигар дар боздошт аст ва ӯро барои ширкат дар намоишҳои эътирозии моҳи январ дастгир карданд. Самал Алипбоева мегӯяд, то ҳол ба назди писараш танҳо вакилони мудофеъ даромаданд.

«Мо ҳанӯз ӯро надидаем. Умед дорам, вазъ беҳтар мешавад. Аз Худо мехоҳам, ки писарамро бори дигар ба оғӯш бигирам,» -- мегӯяд ин зан, ки аз ғояти алам гиряашро дошта наметавонад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Қазоқистон азияти боздоштшудаҳои эътирозҳои ахирро таҳқиқ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Зани ҷавоне дар назди боздоштгоҳ гуфт, шавҳараш дар боздошт аст ва кӯдакони хурдсолаш ҳам аз азоби бепадарӣ асабониву нороҳатанд. Ба гуфтаи ин зан, «дар кӯдакистон мураббӣ пайваста суол медиҳад, ки бо бачаҳои Шумо чӣ шуд, ки ҳамеша гирён ҳастанд?»

Нигаронии занҳо аз он аст, ки вазъи азизонашон дар боздоштгоҳ норӯшан аст ва тарси бадрафторӣ бо онҳо рӯз то рӯз бештар азияташон мекунад. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 1-уми феврал аз мақомоти Қазоқистон хост, ки иддаои шиканҷаро ҳамаҷониба тафтиш кунанд ва ба нақзи ҳуқуқи фаъолон поён диҳанд.

“Нафаҳмидам, ки дар беморхона ҳастам ё дар зиндон”

Танқидҳои зиёди наздикони боздоштшудаҳову фаъолони ҳуқуқ зоҳиран каме таъсир кард ва дар поёни ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ҳама гуна ҳолатҳои эҳтимолии боздошти ғайриқонунӣ, шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳоро маҳкум мекунад.

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 4-уми феврал гуфт, дар бораи тарзи ғайриқонунии тафтишот тахминан 150 аризаи шикоятӣ гирифтааст.

Ҳуқуқшинос Галим Нурпеисов, ки аз ҳаққи чандин боздоштшуда ҳимоят мекунад, гуфт, «вақте ба назди зерҳимояам ба боздоштгоҳ даромадам, одамони маҷрӯҳу даступобастаро дидам. Дар бадани баъзеҳо найчаҳои тиббӣ пайваст буд. Ман нафаҳмидам, ки дар беморхона ҳастам ва ё дар муассисаи ислоҳӣ».

Ҳомиёни дигари ҳуқуқ дар боздоштгоҳҳо дастикам ҳашт зани серфарзанд ва чанд кӯдаки ноболиғро дидаанд. Мақомот дар Қазоқистон гуфтанд, тафтиши тахминан 3 ҳазор парвандаи ҷиноӣ идома дорад.

Тазоҳурот бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январи имсол дар Жанаозен, ғарби Қазоқистон, шуруъ шуд ва тадриҷан тамоми кишварро фаро гирифт. Мақомот иддао карданд, ки ба шаҳри Алмаато "20 ҳазор террорист ҳамла кардааст", вале баъдан ВКД гуфт, манзури мақомот шумори умумии иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ аст.

Тоқаев бо ин баҳона ба СПАД (ОДКБ) муроҷиат кард ва мадади низомӣ хост. Рӯзи 6-уми январ садҳо нерӯи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, вориди Қазоқистон шуданд. Ҳарчанд "вазъ ором шуд" ва нерӯҳои СПАД аз Қазоқистон рафтанд, нигарониҳо аз боздошту саркӯби фаъолон боқист.

XS
SM
MD
LG