Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022» дар Мински Беларус бозии аввалинашро бо тими Молдова бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон як голро Масрур Ғафуров ба самар расонид. Як голи дигарро молдовиҳо ба дарвозаи худ заданд.
Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бозии навбатии худро дар Ҷоми Рушд-2022 рӯзи чоршанбеи 9-уми феврал бо ҳамсолонашон аз Беларус анҷом медиҳанд. Бозӣ соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Минск даҳ даста ширкат мекунад, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои наврасони Беларус (U-16), Қирғизистон (U-16), Молдова (U-16) ва бошгоҳи «Динамо-Минск» (U-17) рақобатмекунад.
Дар гурӯҳи «Б» дастаҳои наврасони Беларус (U-17), Узбекистон (U-17), Гурҷистон (U-17), Исроил (U-17) ва бошгоҳи “Минск” (U-17) мубориза мебаранд.
Дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ мекунанд. Баъдан ғолибони гурӯҳҳо дар даври ниҳоӣ барои Ҷоми қаҳрамонӣ ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош меварзанд. Дастаҳои боқимонда бо дарназардошти ҷойҳои ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо дар бозиҳои плей-офф ширкат хоҳанд кард.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2022»
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
Беларус (U-16) – Қирғизистон (U-16) – 4:1
Молдова (U-16) – «Динамо-Минск» (U-17) – 0:1
Даври 2-юм
Тоҷикистон (U-16) – Молдова (U-16) – 2:2
Голҳо: Масрур Ғафуров, 13 (1:0). Давид Стоянов, 57 (1:1). Сергей Перчун, 61 (1:2). Кирилл Тап, 68 – ба дарвозаи худ (2:2).
«Динамо-Минск» (U-17) – Беларусь (U-16) – 2:3
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
Беларус (U-16) |
2 |
2 |
0 |
0 |
7-3 |
6 |
2 |
«Динамо-Минск» (U-17) |
2 |
1 |
0 |
1 |
3-3 |
3 |
3 |
Тоҷикистон (U-16) |
1 |
0 |
1 |
0 |
2-2 |
1 |
4 |
Молдова (U-16) |
2 |
0 |
1 |
1 |
2-3 |
1 |
5 |
Қирғизистон (U-16) |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-4 |
0 |
Гурӯҳи «Б»
Даври 1-ум
Исроил (U-17) – «Минск (U-17) – 5:0
Беларус (U-17) – Узбекистон (U-17) – 4:2
Даври 2-юм
Гурҷистон (U-17) – Исроил (U-17) – 0:3
«Минск» (U-17) – Беларус (U-17) – 0:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
Исроил (U-17) |
2 |
2 |
0 |
0 |
8-0 |
6 |
2 |
Беларус (U-17) |
2 |
2 |
0 |
0 |
5-2 |
6 |
3 |
Гурҷистон (U-17) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-3 |
0 |
4 |
Узбекистон (U-17) |
1 |
0 |
0 |
1 |
2-4 |
0 |
5 |
«Минск» (U-17) |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-6 |
0 |
Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқа:
Даври 3-юм
9 феврал (чоршанбе)
13:00 – Қирғизистон (U-16) – «Динамо-Минск» (U-17)
15:20 – Узбекистон (U-17) – «Минск» (U-17)
17:40 – Беларус (U-16) – Тоҷикистон (U-16)
20:00 – Беларус (U-17) – Гурҷистон (U-17)
Даври 4-ум
10 феврал (панҷшанбе)
13:00 – Қирғизистон (U-16) – Молдова (U-16)
15:20 – Узбекистон (U-17) – Исроил (U-17)
17:40 – «Динамо-Минск» (U-17) – Тоҷикистон (U-16)
20:00 – Гурҷистон (U-17) – «Минск» (U-17)
Даври 5-ум
12 феврал (шанбе)
13:00 – Тоҷикистон (U-16) – Қирғизистон (U-16)
15:20 – Гурҷистон (U-17) – Узбекистон (U-17)
17:40 – Молдова (U-16) – Беларус (U-16)
20:00 – Исроил (U-17) – Беларус (U-17)
13 феврал (якшанбе)
13:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум
14:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:20 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
16:20 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
18:40 – Финал
Эзоҳ: оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.
Онхоро Сталин не, балки раисони "ланг"-и хамонвактаи точики худамон "душмани халк" хисобиданд! Барои мансаб, вазифа, рашк, хасад ва гайраю гайра.... Афсус, Сталин душманони асоси халкро нест карда натавонист.
Агар зинда мемонд чизе рушан мешуд, мисли казияи муовини вазири мудофиа Назарзода бисёр сирхо ин даъва низ зери хок рафтанд. Вале то кай?
Россия
Душанбе монополия. Дар казокистон орда бо сомони 170 сомони мешавад.вакте шар номарди шид байни давать бояд то точикистон нархи як линга орда 170 сомони бошад.дар кучо аст инсоф .дар боли як линга орда 170 сомони дигар зам мешавад.аз худо тарсед.
Душанбе