Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футзал ба Бишкек меравад


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футзал дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки рӯзҳои 12-19-уми феврал дар Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат меварзад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола панҷ даста – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон – иштирок мекунанд.

Бар асоси дастур, мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад ва ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и Бишкек доир мегарданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба мусобиқаи Бишкек мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ омода месозад. Дастаи мунтахаб дар доираи омодагӣ ба қаҳрамонии CAFA-2022 се бозии санҷишӣ бо дастаҳои «Соро компания» (6:8), «Бонки миллӣ» (3:3) ва «Рахш-Такси» (1:5) анҷом дод.

Ба дархости мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдон дохил шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 9-уми феврал, тавассути Алмато ба Бишкек меравад.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои иштирок дар қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал:

Дарвозабонҳо: Самариддин Шамсов («Бонки миллӣ»), Муродҷон Муродов (бе бошгоҳ);

Бозигарони майдон: Суҳроб Сафаров, Сабзалӣ Ҳамроев, Муҳаммад Аҳмадов, Саидисроил Саидов, Умед Назризода, Муҳаммад Муҳаммадзода, Ҳайдар Сатторов (ҳама аз «Барқчӣ»), Муҳаммадиқбол Абдуллоев, Бекмурод Ҳаитов (ҳарду аз «Истиқлол»), Мусаяб Ҳақназар («Регар-ТадАЗ»), Ҷовидон Хушвахтов (МҶМОВ), Некрӯз Салимзода («Равшан»).

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Даври 1-ум

12 феврал (шанбе)

15:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

18:00 – Эрон – Афғонистон

Даври 2-юм

13 феврал (якшанбе)

15:00Тоҷикистон – Эрон

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон

Даври 3-юм

15 феврал (сешанбе)

15:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 4-ум

17 феврал (панҷшанбе)

15:00 – Афғонистон – Узбекистон

18:00 – Эрон – Қирғизистон

Даври 5-ум

19 феврал (шанбе)

15:00 – Узбекистон – Эрон

18:00Тоҷикистон – Қирғизистон

Эзоҳ: оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG