Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз дигар муовинони раиси пешини КАМ-и Қазоқистон боздошт шуд


Давлат Эргожин, муовини пешини раиси КАМ-и Қазоқистон
Давлат Эргожин, муовини пешини раиси КАМ-и Қазоқистон

Давлат Эргожин, муовини пешини раиси Кумитаи амнияти миллии (КАМ) Қазоқистон бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ин иттилоъро расонаҳои маҳаллии Қазоқистон рӯзи 7 феврал нашр карданд. "Додгоҳ қарори ҳабси Давлат Эргожинро содир кард. Парвандаи вай "махфӣ" аст", - навиштанд расонаҳои маҳаллӣ.

Давлат Эргожин аз моҳи ноябри соли 2016 то январи соли ҷорӣ муовини раиси КАМ буд. Эргожинро баъди ду моҳи раисшавии Карим Масимов - раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон - муовин таъйин карда буданд.

Рӯзи 5-уми январ як гуруҳи одамон ба эътирозҳои шарқу ҷануби Қазоқистон дахолат ва эътирозҳоро ба хун кашонданд. Он замон президент Қосимҷомарт Тоқаев раиси КДАМ Масимовро аз мақом барканор кард. Масимов мансабдори мавриди эътимоди Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дониста мешуд. Ӯ баъди барканорӣ аз раҳбарии Кумитаи амнияти миллӣ, боздошт шуд.

Баъди барканории Масимов рӯзи 9 январ се муовини вай низ аз мақом барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG