Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар барои 109 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш (15 равия) то рӯзи 20-уми феврал мубориза мебаранд.
Дар ду рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 18 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 11 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.
Мунтахаби Кумитаи олимпии Русия, ки 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи шумораи медалҳо ва ҳам аз рӯи сифати медалҳо дар мақоми аввал аст.
Мунтахаби Норвегия бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) дар мақоми дувум ва мунтахаби Шведсия бо касби 2 медали тилло дар мақоми севум қарор доранд.
Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки аз 222 варзишгар (114 мард, 108 зан) иборат аст. Варзишгарони ИМА дар ҳамаи 7 намуд барои медалҳо мубориза мебаранд. Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот мунтахаби ИМА бо касби 3 медали биринҷӣ дар мақоми 12-ум қарор гирифтааст.
Имрӯз, 7-уми феврал, аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин-2022 мусобиқот оид ба рақси рӯи ях (сабқати дастаӣ), биатлон (занон, пойгаи инфиродӣ), лижаронии кӯҳӣ (занон, слаломи бузург, мардон, нишебии босуръат), дуҳарба (мардон, трамплин), кёрлинг (омехта, сабқати гурӯҳӣ ва 1/2 финал), конкитозӣ (занон, 1500 метр), ҷаҳиш аз трамплин (сабқати дастаӣ), чанаронӣ (занон ва мардон), сноуборд (мардон, слоупстайл), фристайл (занон ва мардон, биг-эйр), ҳоккей (занон, сабқати гурӯҳӣ) ва шорт-трек (занон ва мардон, 500 ва 1000 метр,1/2 финал, 1/4 финал, финали гурӯҳҳои «А» ва «В») доир мегардад.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок намекунанд, зеро ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.
Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 Туркманистон ширкат намеварзад.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?