Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ дар Paris Grand Slam 2022 боз ҳам аз рақиби итолиёвиаш шикаст хӯрд


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо Paris Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 5-6-уми феврал дар пойтахти Фаронса – Порис - баргузор шуд, натавонист медал бигирад. Ӯ дар ин мусобиқа танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

Комроншоҳ дар рӯзи дуюми мусобиқа – 6-уми феврал - дар вазни то 90 кило ба рақобат пардохт. Рақибаш Кристиан Парлати аз Италия буд. Қувваозмоӣ, ки 3 дақиқаю 14 сония давом кард, бо пирӯзии гуштигири итолиёвӣ бо баҳогузории “иппон” (ғалабаи соф) анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, Устопириён аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Варзишгари итолиёвӣ муборизаро идома дод, вале кораш барор нагирифт. Парлати дар даври баъдӣ аз Алексис Матиеу (Фаронса) ва баъдан дар даври тасаллобахш аз Давлат Бобонов (Узбекистон) шикаст хӯрд ва бе медал монд.

Дар вазни то 90 кило Санширо Мураои ҷопонӣ, ки дар финал Маммадалӣ Меҳдиеви озарбойҷониро мағлуб кард, бо медали тилло сарфароз гашт. Меҳдиев медали нуқра гирифт. Давлат Бобонови узбекистонӣ ва Миҳаел Зганк (Туркия) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, Комроншоҳи Устопириён, ки қаблан дар Grand Prix Portugal 2022 дар шаҳри Алмадаи Португалия медали биринҷӣ ба даст оварда буд, дар Paris Grand Slam 2022 низ аз Кристиан Парлатии итолиёвӣ мағлуб шуда буд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Paris Grand Slam 285 варзишгар (154 мард ва 131 зан) аз 52 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок карданд.

Дар вазни то 90 кило 23 варзишгар дар мусобиқаи дувуми байналмилалии имсола дар Порис мубориза бурданд. Дар рӯйхат бар асоси радабандии ҷаҳонӣ номи Комроншоҳ баъди Давлат Бобонов (Узбекистон), Маммадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва Бека Гвиниашвили (Гурҷистон) дар сатри чорум зикр шуда буд. Устопириён то Paris Grand Slam 2022 дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо касби 2360 имтиёз дар мақоми 11-ум қарор дошт.

Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ дар Paris Grand Slam 2022 мукофоти молӣ супурда шуд: барои ҷойи 1-ум - 5000 евро, барои ҷойи 2-юм - 3000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1500-евроӣ.

Мунтахаби Ҷопон бо касби 18 медал (7 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойи аввалро азони худ кард. Фаронса бо касби 11 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 7 биринҷӣ) ҷойи дувумро гирифт. Муғулистон бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб гашт.

Аз 52 кишвари иштироккунандаи мусобиқа намояндагони 15 кишвар медал гирифтанд, аз он ҷумла варзишгарони 5 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Ба ҷуз аз Ҷопон, Фаронса ва Муғулистон, инчунин Гурҷистон ва Белгия яктоӣ медали тилло ба даст оварданд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ин мусобиқа ба ҷуз аз Гурҷистону Тоҷикистон, варзишгарони се кишвари дигар - Озарбойҷон (ҷойи 7-ум, 2 нуқра), Узбекистон (ҷойи 10-ум, 3 биринҷӣ) ва Литва (бе медал) – ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Paris Grand Slam 2021 Тоҷикистонро танҳо Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ карда буд. Ӯ дар вазни то 73 кило мақоми панҷумро касб намуд. Сомон баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Муғулистон, Испания ва Озарбойҷон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, вале ӯ дар нимфинал аз рақиби фаронсавиаш Тео Рикуин мағлуб шуд ва баъдан барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Александру Райку аз Руминия бохт.

XS
SM
MD
LG