Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мэй ва Моғеринӣ – номзадҳои эҳтимолӣ ба мансаби дабири кулли НАТО


Тереза Мэй
Тереза Мэй

Тереза Мэй, сарвазири пешини Бритониё ва Федерика Моғеринӣ, раиси собиқи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, аз довталабони эҳтимолӣ ба мансаби дабири кулли НАТО будаанд. Дар ин бора оҷонси иттилоотии dpa-и Олмон рӯзи 4-уми феврал бо такя ба манобеаш дар паймони низомӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нахуствазирони Ҳолланду Эстония ва президенти Руминия низ ҳамчун номзад ба ин мақом номбар мешаванд.

Дабири нави НАТО бояд дар нишасти сарони кишварҳои узви созмон дар моҳи июни имсол интихоб шавад.

Йенс Столтенберг, дабири кулли ҳозираи НАТО, аз соли 2014 раҳбарии созмонро ба уҳда дорад. Рӯзи 4-уми феврал маълум шуд, ки ӯ раиси Бонки Марказии Норвегия интихоб шудааст ва бояд моҳи сентябри имсол ба кораш дар ин мақом сар кунад.

Дар умум Столтенберг тақрибан ҳашт сол дабири кулли НАТО буд. Дар ин мақом Йозеф Лунс ба муҳлати дарозтар кор кардааст. Вай 13 сол – аз 1971 то 1984 – дабири кулли НАТО буд.

Дабири кулли НАТО амалиёти кишварҳои узвро ҳамоҳанг карда, ҷаласаҳоро раисӣ мекунад, аммо қарорҳои сиёсӣ қабул намекунад.

XS
SM
MD
LG