Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия рӯзи 3-юми феврал дар бозии охирини санҷишиаш аз тими Мексика (U-16) бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, футболбозони навраси тоҷик дар Туркия чаҳор бозии санҷишӣ анҷом доданд. Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бозии аввали санҷиширо дар Анталия бо мунтахаби наврасони Булғористон (U-16) бо ҳисоби 1:1 ба поён расонда, баъдан аз тими Академияи «Краснодар» (U-16)-и Русия бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буданд. Сипас дар бозии дувумашон бо ҳамсолони худ аз Булғористон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуданд.
Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия, ки 4-уми феврал анҷом меёбад, 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия, рӯзи шанбеи 5-уми феврал озими Беларус шуда, дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд” дар шаҳри Минск ширкат хоҳад кард.
Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи худ бо дастаҳои наврасони Қирғизистон (7-уми феврал), Беларус (9-уми феврал), Озарбойҷон (10-уми феврал) ва Қазоқистон (12-уми феврал) бозӣ мекунанд.
"Иштирок дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ барои дастаи мо як марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 маҳсуб мешавад", - гуфт Зайниддин Раҳимов.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Суннатулло Исмоилов, Абубоқир Маҳмудов (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммадҷон Орипов, Баракатулло Неъматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманнон Ҳоҷӣ Нуъмонзода, Беҳрӯз Хуҷаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров (ҳама аз Академияи футболи ФФТ).
Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.
Бозиҳои санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия
24-уми январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.
29-уми январ (шанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Академияи «Краснодар» (U-16) – 1:4
Голи Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.
31-уми январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16) – 1:2
Голи Тоҷикистон: Муҳаммадҷони Сатторӣ.
3-юми феврал (панҷшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Мексика (U-16) – 1:5
Голи Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.
Устод Адаш Истад мо бояд дар мадди аввал омори дурусти точикони узбакистонро талаб кунем.. ин 1 миллиону 2 миллиону се миллион ин хандахариш хаст. Узбакистон бештарин точикро дорад баъд Афгонистон ва баъд Точикистон. Ин шиорхои дустии халкхову мусулмон бародари мусулмон шояд хуб бошад вале як гурухи пангургист инро хуб истифода карданд. Омори вокеиашро бо ширкати созмонхои байналмиллали ва нуфусшумори бояд хувайдову пайдо сохт. Ин нахустин корест ки бояд анчом шавад баъд маълум мешавад хама чиз. Баъзе точикони Точикистони азиз бояд дуруст бардошт кунанд ва точикони Узбакистонро бо Афгонистон дар мукоиса набинанд зеро дар афгонистон точикхо аввал силох доранд дуюм харгиз бо забони бегона тахсил накардаанд. Бинобарин ин ду кобили мукоиса нест зарбатхое ки шурави махсусан пантуркизм ба точикони узбакистон ворид кард пахтунизм бо ёрии ингиз ба точикони афогонистон ворид накард.
Мутобки моддаи 64-и сарконуни Чумхурии Точикистон, мо хамаи шахрвандони Чумхурии Точикистон аз хукуки конститутсионии худ истифода намуда хохиши ба сари кудрат омадани хукумати нав хастем. Президенти кунуни ва хамаи аъзои хукумат бояд харчи зудтар иваз карда шаванд вагарна руз то руз ахволи мардуми бечора бо ин сиёсатхои бехирадона ба азобу укубати бештар гирифтор хоханд шуд.
Далери Эмомали журналисти МУСТАКИЛИ часури хакикатбин ба ту бародар ЧАСОРАТ муборак Шумо чавонони НА тундгаро БАЛКИ часур МУХАРРИКИ ин чомеви АФСУРДАИ мо ХАСТЕД харчанд Мухаммадикболу Хусейн Ашуров ва хохар ЗеварБону ДУР аз Ватани АЗИЗИ хамаи МО Точикистониен хам БОШАНД ман аз он МЕФАХРАМ,ки Далер далерона думболи ХАКИКАТ на харосида дар Точикистон бо дустон МУРУВАТ бо гайри он МАДОРО карда бисер БОШУУРОНА ва аз хама МУХИМАШ буи чуи Мулиен ОЯД хаме ТОЧИКОНА фаолият ДОРАД!!!Далерчон Худованд ХФЗАТ кунад ва сафхои Шумо чавонони бошуур ЗИЕД шавад!!!БОШИ!!!
Забони миллии мо форсист! Ё раб зи боди фитна нигахдор хоки форс
Р.О мархамат КАТАРАКАК дари муколамаро БОЗ кардед рейтингтон хам БОЛО рафт хам ЭЬТИМОДИ мардум ба Шумо БЕШТАР шуд...бигузор хар АКИДАЕ бошад он акидаи Фронти Халкист е ХДХТ аст е нахзатист е коммунист е диндору рухонист е бе дину дунявист е харду дар як чо бигузор БОШАД мухим МУКОЛАМА аз байн НАРАВАД муколама аз байн,ки РАФТ таькибу шиканчаву зиндону катлу куштор ХАТМАН чои УРО мегирад...ва ман ТАРАФДОРАМ худи ман хам АГАР комменти аз чахорчубаи одаму одамгари НАВИШТАМ онро дар хеч сурат чоп НАКУНЕД чун инсон инсанаст дигар эмотсия дорад хашмгин мешавад яьне бе камбуди НЕСТ Шумо Р.О дар ин маьрака ДОВАР хастед изза этого ФЛАГ ва в руки.Ташаку ба дикататон мухлиси АШАДИИ озоди.Озоди ба ХАМА афкору акида!!!