Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси пешини зиндони Русия гуфт, чӣ гуна баъди шикояташ ӯро шиканҷа карданд


Маҳбуси пешини зиндони рақами 7-и шаҳри Омски Русия Зафар Илмуродов ба тарҳи ҳомии ҳуқуқи "Gulagu.net" шарҳ дода, ки чӣ гуна тавонистааст, ҷараёни шиканҷаи зиндониёнро тавассути дурбини соати дастӣ сабт кунад.

Илмуродов, ки гуфтааст, корманди пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон аст, наворҳои шиканҷаро тавассути ҳамсараш ба Додситонии кул, Кумитаи тафтишотӣ ва Хадамоти зиндонҳои Русия пешниҳод карда, баъди ин худаш мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст.

Собиқ маъмури амниятии Узбекистон баъди истеъфо доданаш моҳи ноябри соли 2014 дар Русия боздошт ва ба маҳбаси Омск интиқол ёфтааст. "Дар онҷо бо мо муносибати хеле бад доштанд. Таҳқир мекарданд, дашном медоданд", - гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Илмуродов, маъмурони зиндон ҳамаи маҳбусони навро нахуст ба карантин интиқол доданд. Баъди карантин ба ошёнаи севуми бинои маҳбас, ки дар онҷо гуруҳи 12 ва "фаъолон" қарор доранд, бурдаанд.

"Кормандони шуъбаи амният, ки он шаб навбатдор буданд, чи гуна шиканҷа, латтукӯб ва таҳқир шудани маҳбусонро тамошо мекарданд. Либоси маҳбусонро мекашиданд, дастони онҳоро бо "скоч" мебастанд ва сипас ба сарашон "салафан" мепӯшонданд. Ба зиндониён иҷборан номи занона мегузоштанд", - нақл кардааст Илмуродов.

Ба гуфтаи ӯ, бештар маҳбусоне шиканҷа мешуданд, ки аз таҳқир ё озору азият шикоят мекарданд. "Агар зиндониён муқобилият нишон диҳанд, метавонанд латтукӯб ё ҳатто таҷовуз низ шаванд.

Зиндонҳои Русия пайваста мавриди интиқоди фаъолони ҳуқуқи башар қарор мегиранд. Дар ин муассисаҳо азияту озор ва бадрафторӣ нисбати зиндониён аз ҷониби зиндонбонҳо падидаҳои маъмулӣ буда, рӯзи корӣ маъмулан тӯлонӣ ва кори онҳо сангин аст.

XS
SM
MD
LG