Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири “Ориёно” гуфт, Толибон хабарнигоронро озод кардаанд


Ду хабарнигори телевизиони "Ориёно"
Ду хабарнигори телевизиони "Ориёно"

Тибқи гузоришҳои расида, Толибон ду хабарнигори шабакаи телевизиони хусусии “Ориёно”-ро, ки ду рӯз пеш бо сабабҳои номаълум боздошт карда буданд, раҳо намудаанд.

Шариф Ҳасанёр, раҳбари телевизиони “Ориёно” дар шабакаи Твиттер навишт, ки Ворис Ҳасрат ва Аслам Иҷоб рӯзи дуюми феврал озод шуданд.

Ду хабарнигорро 31-уми январ Толибони силоҳбадаст дар даромадгоҳи ин шабакаи телевизионӣ боздошт карданд. Ягон ниҳоди давлатӣ боздошти онҳоро тасдиқ накард.

Ҳасрат муҷрии барномаи сиёсӣ ва Иҷоб хабарнигори барномаҳои иқтисодии ин телевизион будааст.

Як рӯз пеш аз боздошт дар баҳси телевизионии “Ориёно” нафаре ҳукумати Толибонро танқид кард ва бахши он дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуда буд.

Толибон, ки моҳи августи соли гузашта Афғонистонро таҳти тасарруфашон қарор додаанд, борҳо хабарнигорон ва занони эътирозгарро боздошт намудаанд.

XS
SM
MD
LG