Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли равғани нахл. Малайзия ва Индонезия Тоҷикистонро "бахшиданд"


Равғани нахл (палма)
Равғани нахл (палма)

Як банди қонуни Тоҷикистон, ки воридоти равғани нахл (палма)-ро ҳамчун маводи зидди саломатии инсон ба кишвар манъ мекард, то ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат расида, аммо ба манфиати Душанбе анҷомидааст.

Қонуни манъи воридоти равғани нахл дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2020 қабул шуда буд. Малайзия ва Индонезия, тавлидкунандаҳои аслии равғани палма – ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шикоят кардаанд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви созмон ҳақ надорад, чунин маҳдудият ҷорӣ кунад.

Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон, 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Русия ва Аргентина низ эрод гирифтанд, ки Тоҷикистон бо қабули ин қонун дар тиҷорати озод монеа эҷод мекунад. Мутахассисони мо дар Женева ба ҳама фаҳмониданд, ки ҳарчанд қонун манъи воридот ном гирифтааст, дар дохили қонун ҳолатҳои истисноӣ низ зикр шудааст.”

Раҳбарони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо исрор изҳор доштанд, ки равғани нахл дар коркарди маҳсулоти ширӣ ва ғизои кӯдакон истифода намешавад, зеро қонунгузорӣ ин амрро қатъиян манъ кардааст. Аммо гуфтанд, равғани нахл дар тавлиди шириниҳо, собун ва маводи ороишӣ истифода мешавад.

Абдуваҳҳоб Афғонов, муовини сардори яке аз раёсатҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, мегӯяд, дар бозорҳои Тоҷикистон маҳсулоти қаннодии тавлиди кишварҳои хориҷӣ дар фурӯш аст, ки дар тавлиди онҳо аз равғани нахл истифода мешавад. “Аммо воридкунандагон вазифадор шудаанд, ки миқдор ва навъи истифодашудаи равғани нахл дар таркиби ин маҳсулотро ба муштариён рӯшан кунанд,” – афзуд ӯ.

Тавлидкунандаҳои хӯрокворӣ аз равғани нахл ба хотири арзонии он фаровон истифода мекунанд. Феълан, сеяки чарбуи рустанӣ дар ҷаҳонро равғани нахл ташкил медиҳад. Ба ҷуз аз конфет равғани нахлро зимни тавлиди нону қаннодӣ низ истифода мекунанд.

Пажӯҳиши Оҷонси аврупоии бехатарии маводи ғизоӣ собит кардааст, ки зимни тафсонидан дар таркиби ин равған маводе ҳосил мешаванд, ки метавонанд, сабаби хуруҷи бемориҳои саратонӣ шаванд. Ба ин далел, баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон дар истифодаи ин навъи равған маҳдудиятҳоеро роҳандозӣ карданд.

Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон изҳор дошт, ки аз соли 2020 ба ин сӯ ба манзури истифодаи ин равған барои ғизо ба кишвар ҳеч миқдоре аз он ворид нашудааст. Вале ҳамзамон гуфта мешавад, воридоти он низ комилан манъ нагаштааст.

XS
SM
MD
LG