Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз Бозиҳо дар Чин ситоиш кард, вале иддае дигар -- бойкот


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чин ситоиш кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми феврал дар мусоҳиба бо China Media Group гуфтааст, баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ "баёнгари дастовард ва намоиши нерӯи Чин аст”.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Чин 4-уми феврали имсол оғоз шуда, то 20-уми феврал идома хоҳад кард. Вале варзишгарони тоҷик ба он роҳ наёфтанд, чун ба қавли мақомот, натавонистанд, меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат иҷро кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо расонаи чинӣ гуфтааст, эҳсосотеро, ки ҳангоми ҳузур дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин дар соли 2008 таҷриба карда буд, ҳанӯз ба ёд дорад. “Шукӯҳи Пекин аз омезиши меъмории қадимӣ ва муосир ба даст омадааст,” – бовар дорад ӯ.

Аммо баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Австралия ва Амрико бойкоти дипломатии Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекинро эълон карданд ва ба он як қатор кишварҳои дигар низ пайвастанд.

Ин ба он маъност, ки намояндагони расмии ин кишварҳо ба Пекин намераванд. Сабаби бойкот нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар дар лагерҳои бозтарбияи мусулмонон (уйғурҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо) дар вилояти Шинҷон гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG