Дар мусобиқаи ҷудо Paris Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 5-6-уми феврал дар пойтахти Фаронса – Порис - баргузор мешавад, Тоҷикистонро танҳо як варзишгар – Комроншоҳи Устопириён - намояндагӣ хоҳад кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Paris Grand Slam 2022 ширкати 308 варзишгар (166 мард ва 142 зан) аз 54 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст.
Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар Grand Prix Portugal 2022, ки рӯзҳои 28-30-юми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд.
Комроншоҳ ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Паҳлавони тоҷик баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Достон Мейлиев (Узбекистон) ва Артём Бубир (Украина) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Комроншоҳ дар нимфинал аз Кристиан Парлати (Италия) мағлуб шуд. Баъдан барои ҷойи севум Имеда Гоголадзеро аз Гурҷистон шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи як ҳазор евро гардид.
Комроншоҳи Устопириён баъди Grand Prix Portugal 2022 дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило як зина боло шуд ва дар ҳамин ҳол бо касби 2360 имтиёз мақоми 11-умро азони худ кардааст.
Дар вазни то 90 кило то ҳоло 25 варзишгар барои ширкат дар мусобиқаи дувуми байналмилалии имсола дар Порис номнавис шудаанд. Дар рӯйхат бар асоси радабандии ҷаҳонӣ номи Комроншоҳ баъди Давлат Бобонов (Узбекистон), Маммадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва Бека Гвиниашвили (Гурҷистон) дар сатри чорум зикр шудааст.
Барномаи мусобиқа:
5-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг, -73 кг миёни мардон.
6-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -70 кг, -78 кг, +78 кг миёни занон; -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Соли гузашта дар Paris Grand Slam 2021 Тоҷикистонро танҳо Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни то 73 кило мақоми панҷумро касб намуд. Сомон баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Муғулистон, Испания ва Озарбойҷон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, вале ӯ дар нимфинал аз рақиби фаронсавиаш Тео Рикуин мағлуб шуд ва баъдан барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Александру Райку аз Руминия бохт.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?