Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супурданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Носир Расулов, варзишгари тоҷик, ки дар Русия фавтида буд, рӯзи 1-уми феврал дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент, ба хок супурда шуд.

Ин варзишгари 34-солаи тоҷик, ки дар риштаи вазнбардорӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он борҳо пирӯзӣ ба даст овардааст, чанд моҳи ахир дар Русия қарор дошт.

Яке аз дӯстони ӯ рӯзи 2-юми феаврал гуфт, ки Носир Расулов ба бемории коронавирус гирифтор шуда буд, аммо пизишкон сабаби асосии маргашро аз кор мондани гурдаҳояш гуфтаанд.

Носир Расулов рӯзи 27-уми январ дар Русия даргузашт ва ҷасади ӯро рӯзи 31-уми январ ба Тоҷикистон оварданд.

Русия макони кору зиндагии даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ аст. Солона даҳҳо нафар аз муҳоҷирон дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз датс медиҳанд.

Ба ҳисоби миёна соле бештар аз ҳазор тобути муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад.

XS
SM
MD
LG