Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода баргузор мешавад


Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд рӯзи 8-уми май баргузор хоҳад шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бо тасмими кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бозӣ барои Суперҷом миёни "Истиқлол", қаҳрамони феълии кишвар ва "Хуҷанд", барандаи Ҷоми миллӣ, дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода доир мегардад.

Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум баргузор мешавад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шудаанд.

"Истиқлол"-и Душанбе даҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ Суперҷомро ба даст овардаанд.

Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва Хуҷанд» бори панҷум бо ҳамдигар барои Суперҷом мубориза хоҳанд бурд. Дар чаҳор бозии пешин (солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020) душанбегиҳо пирӯз шудаанд.

Натиҷаҳои бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):

2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3
2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. "Истиқлол" (Душанбе) – ”Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:0

2022 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - ?

XS
SM
MD
LG