Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен: Русия “фавран” нерӯҳояшро пас бикашад


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, хостааст, Русия “фавран” нерӯ ва таҷҳизоти низомиашро аз минтақаҳои наздик ба сарҳади Украина берун бибарад.

Бино ба изҳороти Департаменти давлатии Амрико аз 1-уми феврал, Блинкен дар мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров ба пойбандии Вашингтон ба истиқлолу тамомияти арзии Украина, инчунин, ҳаққи кишварҳо барои таъини сиёсати хориҷӣ ва шариконашон таъкид кардааст.

Русия беш аз сад ҳазор сарбозашро дар наздикии марз бо Украина ҷо ба ҷо намудааст. Маскав гуфтааст, ки намехоҳад ба Украина ҳамла кунад, аммо кишварҳои ғарбӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Маскав нигаронанд.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина, рӯзи 1-уми феврал аз мардуми кишвараш хост, ором ва муттаҳид бимонанд.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфт, раҳбарони саросари ҷаҳон барои пешгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Русия ба ин кишвар кӯшиш мекунанд.

Зеленский умед дорад, нишасти гуруҳ ё чаҳоргонаи Нормандӣ битавонад, роҳи ҳалро барои коҳиши танишҳо миёни Киев ва Маскав дарёбад. Ба гуруҳи Нормандӣ Русия, Украина, Фаронса ва Олмон шомиланд.

XS
SM
MD
LG