Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия рӯзи 31-уми январ дар бозии севуми санҷишиаш аз тими Булғористон (U-16) бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Анталия бо мунтахаби наврасони Булғористон (U-16) бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.
Бозии чаҳоруми санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Анталия бо дастаи мунтахаби наврасони Мексика (U-16) рӯзи 3-юми феврал баргузор хоҳад шуд.
Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия, ки то 4-уми феврал идома меёбад, 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия озими Беларус шуда, дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5-ум то 14-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи худ бо дастаҳои наврасони Қирғизистон (7-уми феврал), Беларус (9-уми феврал), Озарбойҷон (10-уми феврал) ва Қазоқистон (12-уми феврал) бозӣ мекунанд.
"Иштирок дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ барои дастаи мо як марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 маҳсуб мешавад", - гуфт Зайниддин Раҳимов.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Суннатулло Исмоилов, Абубоқир Маҳмудов (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммадҷон Орипов, Баракатулло Неъматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманнон Ҳоҷӣ Нуъмонзода, Беҳрӯз Хуҷаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров (ҳама аз Академияи футболи ФФТ).
Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.
Бозиҳои санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия
24-уми январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.
29-уми январ (шанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Академияи «Краснодар» (U-16) – 1:4
Голи Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.
31-уми январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16) – 1:2
Голи Тоҷикистон: Муҳаммадҷони Сатторӣ.
3-юми феврал (панҷшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Мексика (U-16)