Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия бозии дувуми санҷиширо рӯзи 29-уми январ ба тими Академияи «Краснодар» (U-16) аз Русия бо ҳисоби 1:4 бохт, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Анталия рӯзи 24-уми январ бо мунтахаби наврасони Булғористон (U-16) бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.
Футболбозони навраси тоҷик имрӯз, 31-уми январ, бо ҳамсолони худ аз Булғористон бозии такрории дӯстона мекунанд. Бозии чаҳоруми санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Анталия бо дастаи мунтахаби наврасони Мексика (U-16) рӯзи 3-юми феврал баргузор хоҳад шуд.
Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия, ки то 4-уми феврал идома меёбад, 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия озими Беларус шуда, дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5-ум то 14-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
«Иштирок дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ барои дастаи мо як марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 маҳсуб мешавад», - гуфт Зайниддин Раҳимов.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Суннатулло Исмоилов, Абубоқир Маҳмудов (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммадҷон Орипов, Баракатулло Неъматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманнон Ҳоҷӣ Нуъмонзода, Беҳрӯз Хуҷаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров (ҳама аз Академияи футболи ФФТ).
Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.
Бозиҳои санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия
24-уми январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.
29-уми январ (шанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Академияи «Краснодар» (U-16) – 1:4
Голи Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.
31-уми январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16)
3-юми феврал (панҷшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Мексика (U-16)
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?