Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон ба Русия меравад


Владимир Путин ва Қосимҷомарт Тоқаев.
Владимир Путин ва Қосимҷомарт Тоқаев.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, дар як мусоҳибаи телевизионӣ, ки рӯзи 29-уми январ нашр шуд, гуфт, миёнаҳои моҳи феврал барои имзои "созишномаҳои хеле муҳим"-и марбут ба "ҳамкориҳои дарозмуддат" ба Русия меравад. Вай ҷузъиёти сафарашро ошкор накард.

Дар ҳамин ҳол, Тоқаев ин суолро қатъиян рад кард, ки оё президенти Русия пеш аз ирсоли нерӯҳои СПАД (ОДКБ) дар ибтидои моҳи январ ба Қазоқистон шарте нагузоштааст.

"Ҳеч гуфтугӯе дар мавриди ин ки мо баъдтар ҳисобӣ мекунем, набуд", - гуфт Тоқаев. Вай афзуд, Русия барои Қазоқистон кишвари ҳампаймон аст.

Тоқаев илова кард, ки нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳангоми ҳузурашон дар Қазоқистон "ҳатто як тир накушодаанд".

Дар мусоҳибаи телевизионии рӯзи шанбе Тоқаев баён дошт, ки ҳаводиси ибтидои моҳи январ дар он кишвар чӣ гуна шуруъ шуд. Президенти Қазоқистон гуфт, он ҳодисаҳо аз сӯи "афроди касбӣ" тарҳрезӣ шуда, эътирозҳои осоишта қисме аз он тарҳ буданд.

Тоқаев нагуфт, онҳое, ки ин ҳодисаҳоро тарҳрезӣ карданд, кӣ буданд. Ин дар ҳолест, ки пештар мақомоти Қазоқистон мегуфтанд, эътирозҳоро нерӯҳое аз хориҷ амалӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG