Як таҳқиқи тоза нишон додааст, ки бемориҳои сироятии муқовим ба антибиотикҳо солона бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор нафарро мекушанд. Ингуна бемориҳои сироятие, ки ангезандаҳояш бактерия аст, ба гуфтаи муҳаққиқон, ҳоло аз бемории норасоии масунияти бадан ва вараҷа кушандатар шудаанд.
Бемории тиф ё домана, ки як навъи бактерияи муқовим ба антибиотикҳо бармеангезад, дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба мисли Покистон ба як мушкили бузурге табдил мешавад. Домана сабаби табларза, исҳол ва ҳатто марг мешавад.
Як таҳқиқе дар Найробӣ ҳоло нишон додааст, ки навъҳои муқовим ба антибиотики ин беморӣ фавқулода зиёд мешаванд. На танҳо тиф, балки дигар бемориҳо ҳам чунин шудаанд. Антони Сагона аз Донишгоҳи Варвик мегӯяд, "тахмин мешавад, ки агар мо роҳҳои дигаре наёбем, то соли 2050 миллионҳо нафар ҷон медиҳанд ва хисороти иқтисодӣ 100 триллион долларро ташкил медиҳад."
Таҳқиқ дар маҷаллаи тиббии "Лансет" чоп шудааст ва Донишгоҳи Вашингтон иттилооти 204 кишварро таҳқиқ кардааст. Дар кишварҳои фақир, ба мисли кишварҳои Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ бемориҳои муқовим ба антибиотик бештар шудаанд. Донишмандон мегӯянд, истифодаи нодуруст ва барзиёди антбиотик сабаби "тавоно" шудани бактерияҳо шудаанд.
Антониа Сагона аз Донишгоҳи Варвик гуфт: "Масалан, одамон ба бемориҳои сироятии вирусӣ гирифтор мешаванд ва солҳост, ки ба онҳо антибиотик тавсия медиҳанд. Бо гузашти солҳо ин мушкил бисёр сахт шуд ва дар воқеъ дигар ин доруҳо ба бактерияҳо асар намекунанд."
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, 43 антибиотики наве, ки чанде пеш барои бактерияҳои муқовим офарида шудаанд, барои маҳви онҳо кофӣ нестанд. Пас, чӣ бояд кард? Антонио Сагона ва донишмандони дигар дар ҷаҳон сари дармоне бо номи фож кор мекунанд.
"Фожҳо вирусҳое ҳастанд, ки махсус бактерияҳоро ҳадаф мегиранд. Онҳоро метавон ҳамроҳ бо антибиотикҳо истифода бурд, бактерия ва навъҳои муқовими онҳоро нобуд кард," – шарҳ дод Антонио Сагона аз Донишгоҳи Варвик.
Бо вуҷуди талош барои ёфтани роҳҳои дармон, донишмандон мегӯянд, беҳтар аст, аз антибиотикҳо суистифода нашавад, то бактерияҳои тавонотару кушандатар ба вуҷуд наоянд.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?