Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаприндашвилӣ аз ҳукми додгоҳ дар робита бо филми Netflix истиқбол кард


Нона Гаприндашвилӣ (аз рост). Акс аз соли 2004
Нона Гаприндашвилӣ (аз рост). Акс аз соли 2004

Шоҳмотбози маъруфи даврони шӯравӣ Нона Гаприндашвилӣ қарори додгоҳи Калифорния дар бораи баҳси ӯву ширкати филми Netflix-ро дар заминаи “тӯҳмат” истиқбол кард. Гаприндашвилӣ рӯзи 28-уми январ аз қарори додгоҳ хушнуд шуд, ки дархости ширкати Netflix барои бекор кардани муҳокимаи парвандаи тӯҳматро ба инобат намегирад. Гаприндашвилӣ гуфт, “бо забони шоҳмот мегӯям, ки бахши аввали рақобатро бурдем... Мубориза то пирӯзӣ давом мекунад”.

Дар қарори додгоҳи марказии Калифорния омадааст, ки шикояти Гаприндашвилӣ аз болои ширкат ва талаби пардохти 5 миллион доллар ҷубронпулӣ давом мекунад. Моҳи сентябри соли 2021 ширкати маъруфи телевизионии Netflix як минисериалеро бо номи “Гашти малика” нашр намуд, ки дар поёни филм баранда ӯро бо чунин сифатҳо ёд кардааст: “зани қаҳрамони ҷаҳон” ва бозигаре, ки “ҳеҷ гоҳ дар рӯбарӯи мардон қарор нагирифтааст”. Гаприндашвилӣ ин гапҳоро “дурӯғ” ва “таҳқиркунандаи шарафу ҷинсият” арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG