Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт муштзани тоҷик ба финали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтанд


Акс аз бойгонист.

Дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар Қасри универсалии варзиши шаҳри Тошканд ҷараён дорад, ҳафт варзишгари тоҷик ба финал роҳ пайдо кард, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар даври ниманиҳоӣ, ки 27-уми январ баргузор шуд, аз 9 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 нафарашон ба финал роҳ ёфтанд.

Дар нимфинал миёни занон Сумайя Қосимова (-48 кг) бидуни сабқат пирӯз шуд. Рақибаш аз Ҷопон Ҳикару Като аз рақобат даст кашид. Ду варзишгари дигари тоҷик - Малика Нозимова ва Ҳусния Холова, ки дар даври ниманиҳоӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд, барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Дар сабқати мардон Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51 кг), Абдумалик Болтаев (-75 кг), Некрӯз Салимов (80 кг) ва Шаҳбоз Ҳайитов (86 кг) барои ба даст овардани медали тилло талош мекунанд. Хусравхон Раҳимов (57 кг) ва Расул Аҳадов (67 кг), ки дар нимфинал мағлуб шудаанд, медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ду муштзани тоҷик – Давлат Болтаев (-92 кг) ва– Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) - қаблан роҳхати даври ниҳоиро ба даст оварда буданд.

Ҳамин тариқ, дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 нафар ба финал роҳ ёфта, 4 нафари дигар медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Рақобатҳои ниҳоӣ бо иштироки варзишгарони тоҷик:

Финал, 29-уми январ

48 кг – Сумайя Қосимова – Фарзона Фозилова (Узбекистон)
51 кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Муҳаммадқодир Мамирҷонов (Узбекистон)
75 кг – Абдумалик Болтаев – Абдулазиз Абдуфаттаев (Узбекистон)
80 кг – Некрӯз Салимов – Ҷасурбек Юлдошев (Узбекистон)
86 кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Темур Мирҷонов (Узбекистон)
92 кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)
+92 кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон)

Дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар пойтахти Узбекистон 22-юми январ шуруъ шуда буд, 109 муштзан аз 12 кишвари қора - Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қирғизистон, Кувайт, Малайзия, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Урдун, Ҷопон, Шри-Ланка ва Узбекистон – ширкат доранд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG