Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон Тоҷикистонро аз медалҳои CAFA-2022 маҳрум кард


Лаҳзае аз бозӣ
Лаҳзае аз бозӣ

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, ки дар даври панҷуми қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022, ки 27-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, бозиро ба мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:4 бохт, аз медалҳои биринҷӣ маҳрум гашт.

Дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе имрӯз, 28-уми январ, ба анҷом мерасад, чаҳор дастаи мунтахаби занона аз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат доранд.

Мунтахаби Эрон, ки дар даври панҷум бозиро бо мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, дар ҷадвали мусобиқа бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Эрониҳо пешакӣ, як давр қабл аз хотимаи мусобиқа, барои рақибонашон дастнорас шуданд, ба ҳайси ғолиб бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз мегарданд.

Мунтахаби Узбекистон, ки бо 10 имтиёз мақоми дувумро азони худ кардааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида хоҳад шуд. Мунтахаби Қирғизистон, ки бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад, медалҳои биринҷиро азони худ кард.

Бозиҳои даври охирини қаҳрамонии CAFA-2022, ки имрӯз, 28-уми январ, миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Эрон доир мегарданд, ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа таъсир нахоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:1

Узбекистон – Эрон – 2:5

Даври 2-юм

Қирғизистон – Узбекистон – 0:11

Эрон – Тоҷикистон – 12:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Узбекистон – 1:8

Қирғизистон – Эрон – 0:10

Даври 4-ум

Узбекистон – Тоҷикистон 5:0

Эрон – Қирғизистон 5:0

Даври 5-ум

Қирғизистон – Тоҷикистон – 4:1

Голҳо: Ирина Дорофеева, 2 (1:0). Айтурган Аскарова, 9 – ба дарвозаи худ (1:1). Назик Кумушбек Қизи, 13 (2:1). Айдана Оторбоева, 31 (3:1). Айдана Оторбоева, 40 (4:1).

Эрон – Узбекистон – 2:2

Голҳо: Нилуфар Қудратова, 12 (0:1). Саиданастаран Муқимифарзӣ, 30 (1:1). Саиднастаран Муқимифарзӣ, 37 (2:1). Мафтуна Шоимова, 37 (2:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

5

4

1

0

34-4

13

2

Узбекистон

5

3

1

1

28-8

10

3

Қирғизистон

5

1

1

3

5-28

4

4

Тоҷикистон

5

0

1

4

3-30

1

Даври 6-ум

28-уми январ (ҷумъа)

15:00 Узбекистон – Қирғизистон

18:00Тоҷикистон – Эрон

XS
SM
MD
LG