Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, аз Амрико "посухи мусбат" нагирифтааст


Неруҳои Русия ҳангоми тамрини низомӣ дар вилояти Ростов
Неруҳои Русия ҳангоми тамрини низомӣ дар вилояти Ростов

Русия рӯзи 27-уми январ гуфт, дар робита ба буҳрони Украина ва нигарониҳои аслии амниятиаш аз Амрико “ҳеч посухи мусбате” нагирифтааст, вале ҳануз ҳам дарича барои идомаи муколама сари чанд масоил боз мондааст.

Онгуна ки интизор мерафт, Амрико ва НАТО рӯзи 26-уми январ талаби Русия барои ҳечгоҳ напазируфтани Украина ба узвияти НАТО-ро рад карданд ва гуфтанд, ки ҷойгир кардани аслиҳаву неруҳои паймон дар Аврупои Шарқӣ масъалае барои музокирот нест.

Айни замон дар нома ба Маскав, Иёлоти Муттаҳида, барои ҳалли масъалаи Украина ончиро, ки “роҳи ҷиддии дипломатӣ” номидааст, пешниҳод кардааст. Ҳоло таваҷҷуҳ ба он аст, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин ба пешниҳоди Амрико чӣ посух медиҳад. Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия рӯзи 27-уми январ ба хабарнигорон гуфт, посухи Амрико ҳеч “майле” барои ба инобат гирифтани нигарониҳои Русияро нишон намедиҳад ва “ангезаҳои ночизе барои хушбинӣ” гузоштааст.

Ӯ афзуд, “ҳамеша дурнамо барои идомаи муколама вуҷуд дорад ва он ба манфиати ҳарду, ҳам мо ва амрикоиҳост.” Дар суҳбати дигаре, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, талаби асосии кишвараш, ки Украина набояд ба НАТО бипайвандад, нодида гирифта шуд, вале ҳаракат дар масоили дигар имконпазир аст.

Дигар инки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар як гуфтугуи телефонӣ бо Володомир Зеленский, ҳамтои украиниаш гуфтааст, ки Амрико ва дигар шариконаш омодагии қатъӣ доранд, ки дар сурати таҷовузи Русия ба Украина, ба он “посухи қотеъ” бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG