Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон аз рӯи натиҷаи мусбати санҷиши COVID-19 ба Гран-Прии Португалия роҳ дода нашуд


Сомон Маҳмадбеков.
Сомон Маҳмадбеков.

Дар мусобиқаи ҷудо бо номиГран-Прии Португалия 2022” (Grand Prix Portugal 2022), ки имрӯз, 28-уми январ, дар шаҳри Алмада шуруъ мешавад, Тоҷикистонро танҳо як варзишгар – Комроншоҳ Устопириён – намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-Прии Португалия ширкати 301 варзишгар (179 мард ва 122 зан) аз 41 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст.

Қаблан дар ин мусобиқаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон ду варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) - дар сабқати мардон номнавис шуда буданд. Вале санҷиши COVID-19 барои Сомон натиҷаи мусбат дод, бинобар ин ӯ аз ҳаққи иштирок дар Гран-При маҳрум шуд.

Бар асоси қуръакашӣ Комроншоҳ дар рӯзи охирини мусобиқа – 30-юми январ – ба рақобат аз даври дуюм мепардозад. Рақиби ӯ ғолиби ҷуфти Мунхбаяр Баттогтох (Муғулистон) – Достон Мейлиев (Узбекистон) мешавад.

Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ мукофоти молӣ супурда мешавад: барои ҷойи 1-ум - 3000 евро, барои ҷойи 2-юм - 2000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1000-евроӣ.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ мешаванд. Зимнан, Комроншоҳ Устопириён феълан дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо 2173 имтиёз мақоми 12-умро касб кардааст.

Бояд гуфт, ки номи ӯ дар рӯйхати варзишгарони ширкаткунандаи Гран-Прии Португалия тибқи радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило, ки 23 нафар номнавис шудаанд, дар сатри аввал зикр гардидааст.

Барномаи мусобиқа:

28-уми январ (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

29-уми январ (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

30-юми январ (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

XS
SM
MD
LG