Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпаронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон. Захмиҳо ҳастанд


Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Шоми 27-уми январ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуруъ шуд ва, ба қавли сокинони деҳаи наздимарзии Сомониёни Исфара, "ҳанӯз идома дорад".

Манобеи Радиои Озодӣ дар бораи кушта шудани дастикам як сокини деҳаи Сомониён хабар доданд. Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ гуфтааст, захмиҳо низ ҳастанд. Оҷонси "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ дар бораи маҷруҳ шудани панҷ нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон гузориш дод.

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ шарҳе надодаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Баҳодур Баҳоваддинзода шаби 27-уми январ ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи ҳодиса посух надоданд.

Як манбаъ дар идораи пулиси вилояти Суғд бе зикри ном гуфт, "тирпаронӣ аз ҷониби Қирғизистон сар шуд". Хабаргузории РИА Новости навишт, ки мақомоти Душанбе амалкарди марзбонони Қирғизистонро “таҷовуз ба қаламрави худ медонанд”.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао дорад, тирпарониро нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз карданд ва аз гранатомёту миномёт истифода намуданд.

Даргирӣ дар наздикии деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ҷараён дорад. Баъзе аз сокинони ҷамоат гуфтанд, садои тиру тӯпро мешунаванд ва аз онҳо талаб шудааст, ки аз хонаҳои худ берун набароянд.

“Аз ҳама намуди яроқ истифода мешавад. Аз садои тиру тӯп шишаи хонаҳо меларзад. Мардум дар таҳлука аст. Ба равони кӯдакон таъсир дорад, сахт тарсидаанд”, -- нақл кард ин сокини Чоркӯҳ.

Тирпаронӣ баъди он сурат гирифт, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар баёнияҳои алоҳида аз роҳбандӣ дар сарҳади ду кишвар хабар доданд. Ҷониби Тоҷикистон 27-уми январ иддао кард, ки роҳи ҷамоати Ворух ва деҳаи Хоҷаи Аъло ба маркази Исфара "аз тарафи сокинони Қирғизистон баста шудааст".

Тарафи Қирғизистон вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистонро муташанниҷ номид ва баръакс, нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистонро ба бастани як қисми роҳи Бодканд-Исфана муттаҳам намуд. "Сарҳадбонони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми роҳи Бодканд-Исфанаро дар мавзеи Торт-Кочо ба таври якҷониба бастанд," – гуфта шудааст дар эъломияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон расман вокунише накарданд, аммо чанде аз сокинони ҷамоати Ворух ва деҳаи Хоҷаи Аълои Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷониби Қирғизистон роҳи онҳоро ба маркази Исфара бастааст. Яке аз онҳо гуфт, "сокинони Қирғизистон мошинҳои худро дар байни роҳ гузошта, ба гузаштан монеа мешаванд."

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марз дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли гузашта рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

XS
SM
MD
LG