Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба шаҳрвандонаш ҳушдор дод, ки Украинро тарк кунанд


Сафорати Амрико дар Украина
Сафорати Амрико дар Украина

Сафорати Амрико дар Киев бо нашри баёния аз амрикоиҳои муқими Украина хостааст, бо таваҷҷуҳ ба вазъияти "ғайри қобили пешбинӣ", бинобар таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар наздикии марз бо Украина, ҳамин "ҳоло" ин кишварро тарк кунанд.

Сафорат рӯзи 26-уми январ дар баёнияе эълон кард, "вазъияти амниятӣ дар Украина бинобар афзоиши таҳдидҳои низомии Русия ҳамчунон пешбининашаванда аст ва метавонад бе огоҳии андак бадтар шавад".

Ин баёния дар идома мегӯяд, "сафорати Амрико аз шаҳрвандони амрикоӣ дар Украина мехоҳад, ҳамакнун бо истифода аз имкониятҳои дастрас хориҷ шаванд".

Мақомоти Русия мегӯянд, нияти ҳамла ба ҳамсоякишвари худро надорад. Аммо ниҳодҳои кашфии Ғарб мегӯянд, таҷаммӯи беш аз 100 ҳазор нерӯи низомӣ дар наздикии марз бо Украина ва тамринҳои низомии Русия нигарониҳоеро ба миён овардааст, ки Маскав барои як ҳамлаи густурда ба ин ҳамсоякишвари худ омода мешавад.

XS
SM
MD
LG