Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Си Ҷинпин: Мақомоти Чин ба баргузории бомуваффақияти бозиҳо итминон доранд


Пойтахти Чин барои мизбонии тақрибан 3000 варзишгар аз ҳудуди 90 кишвар ва минтақа дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ омодагӣ мегирад. Дар ин бора Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, рӯзи сешанбе зимни мулоқот бо раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, ки дар қароргоҳи давлатии Дяоюйтай баргузор шуд, изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.

Ба иттилои манбаъ, Вазорати корҳои хориҷии Чин аз қавли Си Ҷинпин гуфтааст, "дастгирии Олимпиадаи Пекин на танҳо аз ҷониби мардуми Чин, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мебошад. Ин дафъа дар бозиҳо тақрибан 3000 варзишгар аз ҳудуди 90 кишвар ва минтақа ширкат хоҳанд кард"

Чунон ки роҳбари Чин тавзеҳ дод, мақомоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба он таваҷҷуҳ медиҳанд, олимпичиёне, ки ба Пекин омадаанд, ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надошта бошанд. "Мо комилан итминон дорем, ки метавонем саломатӣ ва амнияти иштироккунандагон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, инчунин мардуми Чинро кафолат диҳем", - гуфт ӯ.

Вазорати корҳои хориҷии Чин аз қавли Си Ҷинпин гуфтааст: "Мо беш аз шаш сол боз ба Олимпиадаи Пекин омодагӣ мебинем, ҳама чиз аллакай омода шудааст. Мусобиқаҳо ба зудӣ баргузор мешаванд, онҳо муваффақ хоҳанд шуд. Мо ба ваъдаҳои худ вафо хоҳем кард ва ба ҷаҳон Бозиҳои паймон, бехатар ва олиҷанобро пешкаш мекунем."

Тавре раҳбари Чин тавзеҳ дод, Олимпиадаи Пекин "як чорабинии умумиҷаҳонии варзишӣ мебошад, ки бори аввал пас аз пандемия баргузор мешавад." Вай афзуд, ҳадафи аслии Бозиҳои Пекин бедор кардани таваҷҷуҳи 300 миллион нафар ба намудҳои зимистонаи варзиш аст.

"Ва ин саъю кӯшиш аллакай дар амал муваффақ шудааст. Бозиҳои олимпии Пекин ба рушди соҳаҳои марбут ба варзиши зимистона ва бахши марбут ба иқтисоди Чин мусоидат карданд", - хулоса кард Си Ҷинпин.

Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4-ум то 20-уми феврал ва Паралимпиада аз 4-ум то 13-уми март баргузор мешаванд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок намекунанд. Мақомот гуфтанд, ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари тоҷик – Баҳриддин Ғоибов ва Саидашраф Эшонов – барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Пекин-2022 аз намуди лижаронии кӯҳӣ талош доштанд, вале мусобиқоти литсензионӣ дар Покистону Эрон ба иллати пандемия бекор шуд. Бинобар ин, лижаронҳои тоҷик аз роҳхати олимпӣ маҳрум гаштанд.

Мавзуи иштирок кардан ва ё накардан дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ-2022 дар Чин, ахиран ба як баҳси калон табдил ёфтааст. Дар оғози моҳи декабри соли гузашта Пекин таҳдид карда буд, ки таҳрими дипломатии Бозиҳои олимпии зимистона-2022 бо вокуниши онҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ин таҳдид ба суханони Ҷо Байден, президенти Амрико буд, ки гуфт, дар ҳоли баррасии таҳрими ин бозиҳо ба хотири нақзи ҳуқуқи башар дар Чин, аз ҷумла ба гуфтаи Вашингтон, "наслкушии ақалияти мусалмон дар Шинҷон", аст.

Баъдан ИМА эълон кард, ки дар бозиҳои моҳи феврал дар Пекин, ки аз сӯи роҳбари Чин Си Ҷинпин кушода мешавад, президенти ИМА Ҷо Байден ва мақомдорони дигари баландпояи амрикоӣ ширкат намекунанд. Ҳамчунин дипломатҳо низ ба Чин намераванд: миёни ширкатдорони ҳайати ИМА танҳо варзишкорон ва мураббиён хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG