Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон барканории раиси КДАМ ва вазири умури дохилиро талаб доранд


Қамчинбек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон.
Қамчинбек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон.

Фаъолони мадании Қирғизистон бо нашри як муроҷиатнома ба унвони президент Содир Ҷабборов талаб карданд, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилии ин кишвар аз мақомҳояшон барканор шаванд.

Дар изҳороти фаъолон ҳамчунин талаб шудааст, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилии Қирғизистон - Қамчибек Тошиев ва Улан Ниёзбеков ба ҷавобгарӣ низ кашида шаванд.

"Мо талаб дорем, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилӣ, ки шаъну шарафи инсон, ҳуқуқ ба даххлнопазирӣ ва маълумоти махфиро ошкоро поймол мекунанд, фавран аз мақомҳояшон барканор шаванд", - омадааст дар муроҷиатномаи фаъолони маданӣ.

Ба гуфтаи онҳо, раҳбарони Кумитаи амният ва Вазорати умури дохилии Қирғизистон ҳаёти шахсии рӯзноманигорон, мухолифон, сиёсатмадорон ва фаъолони маданиро пурра таҳти назорат қарор додаанд.

Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Тошиев" оғоз кард. Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Тошиевро дар фаъолияти ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст. Тошиев дар "Фейсбук" навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".

Хабарнигор шаби 22-юми январ дар ҷои кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира карда шуданд. Дертар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд.

Чанд рӯз баъд дар интернет сабтҳои пинҳонии навор ва садои зиндагии шахсии рӯзноманигор Болот Темиров ва ҳамкорони ӯ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG