Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Туркманистон содироти барқро ба Қирғизистон қатъ кардаанд


Вазири энержии Қирғизистон Доскул Бекмурзоев хабар дод, ки ин кишвар воридоти нерӯи барқро аз Туркманистон ва Узбекистон қатъ кардааст. Вале ба гуфтаи ӯ, қатъи воридот ба таъмини талаботи дохили неруи барқ таъсир намерасонад.

Вазири энержии Қирғизистон қатъи воридоти барқро ба садама дар ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ рабт дода, афзуд, ки баъди бартараф кардани оқибатҳои садама воридот дубора аз сар гирифта мешавад.

Рӯзи 25-уми январ дар Қирғизистон ва баъзе аз минтақаҳои Қазоқистону Узбекистон нерӯи барқ қатъ шуд. Котиби матбуотии Вазорати энержӣ ва саноати Қирғизистон Жийде Зоотбекова мушкилро ба ҳалқаи ягонаи энержӣ вобаста донист.

"Барқ дар саросари Осиёи Марказӣ хомӯш шуд. Айни замон дар Қазоқистон ва Узбекистон низ нерӯи барқ нест. Қирғизистон аз ҳалқаи ягонаи энергетикӣ баромада, интиқоли нерӯи барқро барқарор мекунад. Воҳима накунед, ҳама чиз зери назорат аст," – афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG