Паҳлавонони маъруфи тоҷик – Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков – дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Prix Portugal 2022, ки рӯзҳои 28-30-юми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-Прии Португалия ширкати 334 варзишгар (194 мард ва 140 зан) аз 44 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ду варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) - дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд.
Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ мукофоти молӣ супурда мешавад: барои ҷойи 1-ум - 3000 евро, барои ҷойи 2-юм - 2000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1000-евроӣ.
Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ мешаванд. Зимнан, Комроншоҳ Устопириён феълан дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо 2173 имтиёз мақоми 12-ум ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило бо 2173 имтиёз мақоми 18-умро касб кардаанд.
Бояд гуфт, ки номи ҳарду дар рӯйхати варзишгарони ширкаткунандаи Гран-Прии Португалия тибқи радабандии ҷаҳонӣ дар вазни худ дар сатри аввал зикр шудааст.
Барномаи мусобиқа:
28-уми январ (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.
29-уми январ (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.
30-юми январ (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Честь имею, гапи дустдоштаи Мамадбокир хозир дар расонахо пахн шудааст. Афсус, ин честь ро мардуми зебои точик фаромуш кардаанд. то ба кай гуломи? Аз хоби гарон, хоби гарони 30 сола хезет, мардакону занакон.
ман лозим шавад дар назди худаш исбот карда медихам ки барои хучат имзо кардан чи кадар аз ман маблаг талаб кардааст
Рустам бародар бисер ОАДАБОНА ва аз руи ЭТИКЕТ харф ЗАДИ ва кабулхам ХАСТ локин инчо як нозукии КУЧАК хам ХАСТ вакте ба МАНЗИЛАТ бо тамом МУСАЛЛАХ зада даромада аз катлу куштор КОР мегиранд дигар ТАБИИСТ,ки инсон як ТАРАФ истан ХАЙВОН-хам,ки бошад НОГУЗИР аз худ ДИФОЬ мекунад...《макомот》(садкаи ин НОМ шаванд)мегуянд чавонони Бадахши рохоро БАСТАНД вале НАМЕГУЯНД барои ЧИ?!чи ва кирдори ки онхоро ба ин кор ВОДОР кард инро 《макомот》НАМЕГУЯД ку як бор таьрихи 30солаи хукумронии рахмонро ВАРАК зада БИНЕД майлаш мо Кулобихову Фронти Халки нимамон зиндониву ними дигар КУШТАВУ камтари дигараш БЕСОХИБУ бангиву ханги ГАШТАЕМ дар кучахо бе хонаву дар локин бо ин Помирихо ЧИ?!муомилаи 《хуб》дар ин 30сол 《кард》,ки онхо урову мункарони МАНКУРТ-шудаи уро бо ОГУШИ боз 《пешвозаш》гиранд...Рустамчон вакте,ки ЗАХМ аз мухлати мукарарии муоличааш ГУЗАШТ чои захм ГОНГРЕНА мешавад он чойро ба чуз КАТ кардан е БУРРИДАН дигар илоч НЕСТ 《хукумати》рахмон ба ГОНГРЕНА мубаддал ГАШТААСТ ва ба чуз КАТ кардан дигар МУОЛИЧА надорад!!!
Худованд чояшро чаннат кунад,cитораи дурахшони балетаи точик Малика Собирова,ман фахр мекунам, ки Маликаи точики мо дар замони Шурави сахнаи тчоикро ба фазои баланд ,бардоштааст.Парвардигоро гураш пурнур бошад,гузаштанашро аз Пули Сирот осон гардонад.Рухат шод бод Маликаи зебои точик,хонаи охиратат обод бод.
Набирают опыт. Чтобы Кыргызстан боялся