Қирғизистон ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистонро ба ҳукумати Чин расонид. Дар ин бора Достон Усубакунов, муовини мудири кулли ширкати Роҳи оҳани Қирғизистон хабар дод.
"Аз ҷониби худ мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистонро ба Чин расонидем. Дар моҳи феврал роҳбарони мо ба Чин мераванд ва онҷо намояндагони се кишвар гуфтугӯ мекунанд. Баъди он мо ҷузъиётро дастраси ҷомеа мегардонем", - гуфт Достон Усубакунов.
Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон дар ибтидои солҳои 2000-ум садо дода буд, аммо аз он замон то кунун ин тарҳ амалӣ нашудааст.