Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Украина. Омодагии кишварҳои ғарбӣ барои фиристодани нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ ба Аврупои шарқӣ


НАТО мегӯяд, ба тақвияти нерӯҳои низомӣ дар шарқи Аврупо барои муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина, идома хоҳад дод. Тибқи изҳороти НАТО, Дания, Испания, Фаронса ва Голандия барномаи фиристодани нерӯи низомӣ, ҳавопаймоҳо ва киштиҳои ҷангиро ба шарқи Аврупо доранд ва ИМА ваъда додааст, ки ҳузури низомии худро дар ин минтақа тақвият мекунад.

Ҳамзамон рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" рӯзи душанбеи 24-уми январ аз қавли мақомоти амрикоӣ гузориш додааст, ки ҳукумати Ҷо Байден мехоҳад 5 то 10 ҳазор нерӯи низомӣ ба ин минтақа бифиристад. Тибқи гузоришҳои дигар, ИМА дар ҳоли фиристодани 8500 сарбози худ ба ин минтақа аст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи 24-уми январ НАТО ва Ғарбро ба эҷоди таниш муттаҳам кард ва гуфт, ки амалкарди онҳо нишон медиҳад, ки танишҳо дар ҳоли афзоиш аст. Ӯ кишварҳои ғарбиро ба нашри маълумоти "гумроҳкунанда ва дурӯғ" муттаҳам кард ва гуфт, Русия нияти ҳамла ба Украинаро надорад.

Дар ҳамин ҳол, Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё рӯзи душанбе ба Русия ҳушдор дод, ки паёмадҳои ҳамла ба Украина "фоҷеабор, хунин, шадид" хоҳад буд ва афзуд, Бритониё дар паҳлӯи мардуми Украина истода, таҳримҳоеро зидди Русия омода мекунад.

Дар пайи тасмими рӯзи якшанбеи Амрико барои хуруҷи хонаводаҳои коркунони сафорати худ дар Киев, Бритониё низ рӯзи душанбеи 24-уми январ эълон кард, ки қисме аз дипломатҳо ва хонаводаҳои онҳоро аз Украина берун мекунад. Бритониё мегӯяд, фаъолияти сафорати ин кишвар дар Киев барои масоили зарурӣ, идома хоҳад дошт.

Олмон низ эълон кардааст, агар дипломатҳояш хоҳони хуруҷ аз Украина бошад, омодаи кӯмакрасонӣ аст ва Фаронса ва Норвегия ба шаҳрвандони худ ҳушдор додаанд, ки аз сафарҳои ғайризарурӣ ба Украина худдорӣ кунанд.

Ҳукумати Украина аз хуруҷи дипломатҳои аврупоӣ аз ин кишвар интиқод кардааст ва онро иқдоми "бисёр эҳтиёткорона" номида, аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, "якдилона" дар паҳлуи Украина биистад.

Русия дар ҳафтаҳои гузашта 100 ҳазор нерӯи низомии худро ба марзҳои Украина фиристод ва иддоа кард, ки ҳузури онҳо барои "машқҳои низомии оддӣ" аст, аммо Украина ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия дар ҳоли омода шудан барои ҳамлаи низомӣ ба Украина мебошад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG