Рақибони дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар бозиҳои санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия маълум шуданд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Анталия чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Нахустин бозии футболбозони навраси тоҷик имрӯз, 24-уми январ, бо ҳамсолонашон аз Булғористон доир мегардад.
Бозии дувуми санҷишӣ рӯзи шанбе, 29-уми январ, бо тими Академияи «Краснодар» (U-17) баргузор мешавад. Рӯзи 31-уми январ наврасони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Булғористон бозии такрории дӯстона мекунанд. Бозии чаҳоруми санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Анталия бо дастаи мунтахаби наврасони Мексика рӯзи 3-юми феврал доир мегардад.
Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия, ки 20-уми январ шуруъ шуд ва то 4-уми феврал идома меёбад, 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия озими Беларус шуда, дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5-ум то 14-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
«Иштирок дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ барои дастаи мо як марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 маҳсуб мешавад», - гуфт Зайниддин Раҳимов.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Суннатулло Исмоилов, Абубоқир Маҳмудов (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммадҷон Орипов, Баракатулло Неъматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманнон Ҳоҷӣ Нуъмонзода, Беҳрӯз Хуҷаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров (ҳама аз Академияи футболи ФФТ).
Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.
Бозиҳои санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия
24-уми январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16)
29-уми январ (шанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Академияи «Краснодар» (U-17)
31-уми январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16)
3-юми феврал (панҷшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Мексика (U-16)
Дар сахади точикистон ноороми ва ин сархадбон сархадро монда раиси мекунад. Е хукуматдорон якбор сиесати кадерии худро фикри куне,ки мардум ба ингуна раис этимод надоранд
Ин режим коммунисти бо мардуми худ сад сол чангид соли 1992 бо пустини чаппакарда идома дода истодааст.
Ин мардум доим шикоят мекунанд, ки мо дар кӯҳистон шароит надорем. Дар тамоми Тоҷикистон шароит душвор аст, лекин бачаҳакои дигар минтақаҳо рафта дар Россия азият кашида ба наздикон пул равон мекунанд,хонаҳак бунёд мекунад зиқида намешинанд
Ин мардум аз Ёдгорам норозӣ буд.
Илтимос аз худатон ибора набофед. "Бабри когази" чи боз? "Бумажный тигр"-ро рост тарчума накунед.