Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яхи муносибатҳои Туркия ва Арманистон об мешавад? ВИДЕО


Марзи Туркия бо Арманистон.
Марзи Туркия бо Арманистон.

Нозирону коршиносон мегӯянд, аломатҳое аз беҳтар шудани робитаҳои Туркияву Арманистон ба чашм мехӯранд. Ин ду кишвар бо вуҷуди ҳамсоягӣ аз солҳо ба ин тараф дарҳои хешро ба рӯи якдигар бастаанд. Марзи ду кишвар аз солҳои 90-ум баста аст ва иқтисоди Арманистон аз ин кор ранҷи зиёде мекашад.

Туркия марзҳояшро бо Арманистон соли 1993 ва баъди он баст, ки неруҳои арманӣ дар ҷанг бо Озарбойҷон Вилояти Куҳистони Қаробоғро тассаруф карданд. Аммо баъди бозпас гирифтани қисме аз қаламрави вилоят аз арманиҳо дар соли 2020, ба гуфтаи таҳлилгарон роҳ барои барқарории муносибатҳои Туркияву Арманистон ҳамвор шудааст.

Синан Улген, аз Маркази пажуҳишҳои сиёсатгузориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мегӯяд, имрӯз ҳеҷ гуна монеаи барои наздик шудани Арманистону Туркия нест. "Бояд дар ёд дошта бошем, ки Туркия баъди ишғоли ин қаламравҳо дар солҳои 1990-1993 тасмим гирифт марзҳояшро бандад. Ҳоло тавҷеҳе барои ин вуҷуд надорад, илова бар ин паёмҳои мусбате аз Озарбойҷон дар бораи наздикшавии Туркияву Арманистон мерасад",-афзуд ин коршиноси турк.

Фиристодагони Туркияву Арманистон ҳафтаи гузашта дар Маскав мулоқот доштанд ва ҳарду тараф гуфтугуҳоро "созанда" хондаанд. Боз шудани марзҳо ба ҳазорон армание, ки дар Туркия кор мекунанд, кумаки азиме мешавад, чун онҳо маҷбуранд, бо роҳи пурмашаққате бо автобус аз тариқи Гурҷистон ба ватан сафар кунанд. Вале таърих метавонад, монеае барои барқарории муносибатҳо шавад.

Яхи муносибатҳои Туркия ва Арманистон об мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Арманистон туркони усмониро ба наслкушии арманиҳо дар замони Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ муттаҳам мекунад. Туркия онро наслкушӣ намедонад ва мегӯяд, ки қатли мардуми зиёд ба сабаби ҷангҳои дохилии он замон буд. Баъзе коршиносон мегӯянд, Арманистон намехоҳад, ончӣ ки гузашт, монеи ҳамкорӣ дар ин замон шавад.

Ба бовари Ричард Гирагосиён, мудири Маркази пажӯҳишҳои минтақавӣ, "ин сиёсат бидуни пешшарт аст, яъне муътадил кардани робитаҳо, на оштӣ. Масъала дар бораи наслкушии арманиҳо нест, балки масъалаи соддаи ду ҳамсоя аст, ки робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, марзҳояшонро боз кунанд. Мусолиҳа дертар баъди ба эътидол омадани муносибатҳо мерасад".

Оддӣ кардани муносибатҳо метавонад, дар тармими робитаҳои осебдидаи Анкара бо Вашингтон кумак кунад, ки талошҳои дипломатии ахирро ситоиш кардааст. Конгресси Амрико сиёсати Туркияро, ки бо маҳрум кардани Арманистон аз бозори бузургу роҳҳои транзитиаш ба иқтисоди он осеб расонидааст, танқид мекунад, чун Арманистонро ба Русияву Эрон пойбанд кардааст. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, боз шудани марзи Туркияву Арманистон ин пойбандиро кам мекунад.

Ба гуфтаи Заур Гасимо аз Донишгоҳи Бонн, боз шудани марзҳо, аз назари беҳбуди ҳамкориҳо ва бахусус иртиботу нақлиёт таъсири бузурге барои минтақа дорад ва тақвияти ҳамкориҳои байни ду кишвар, нақши Эронро дар тамоми минтақа бисёр кам мекунад.

Эълони оғози парвозҳои мустақим байни Туркияву Арманистон нахустин ҳосили талошҳои наздикшавӣ аст, вале даргирии ҳафтаи гузашта байни неруҳои Озарбойҷону Арманистон, ки се кушта бар ҷой гузошт, нишон медиҳад, ки таҳдидҳо боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG