Дар қаҳрамонии футзали Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона, ки 21-уми январ дар Душанбе шуруъ шуд, бозиҳои ду даври мусобиқа ба анҷом расиданд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе то рӯзи 28-уми январ идома хоҳад кард, чаҳор дастаи мунтахаби занона аз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат доранд.
Мунтахаби Эрон, ки дар ҳарду бозӣ бар дастаҳои Узбекистон бо ҳисоби 5:2 ва Тоҷикистон бо ҳисоби 12:0 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқа бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст.
Мунтахаби Узбекистон, ки баъди бохт ба Эрон дар даври дувум ба дарвозаи дастаи Қирғизистон 11 голи беҷавоб зад, бо 3 имтиёз мақоми дувумро азони худ кардааст.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд. Бозии даври аввали мусобиқа миёни ин ду даста бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.
Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 аз рӯи системи даврӣ дар ду давра баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳо муайян мешавад.
Бозиҳои даври севуми қаҳрамонии CAFA-2022 имрӯз, 24-уми январ, миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон – Эрон ва Тоҷикистон – Узбекистон сурат мегирад.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона
Даври 1-ум
Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:1
Голҳо: Бактигул Токтоболотова, 28 (0:1). Мадина Фозилова, 34 – дабл-пеналти (1:1).
Узбекистон – Эрон – 2:5
Голҳо: Саҳар Замонифард, 6 (0:1). Фотима Попӣ, 7 (0:2). Соро Ширбейгӣ, 21 (0:3). Фаришта Каримӣ, 23 (0:4). Мафтуна Шоимова, 32 (1:4). Нисо Аҳадӣ, 33 (1:5). Уғулой Кучқорова, 33 (2:5).
Даври 2-юм
Қирғизистон – Узбекистон – 0:11
Голҳо: Мафтуна Шоимова, 5 (0:1). Мадина Ҳикматова, 7 (0:2). Дилдора Эргашева, 11 (0:3). Нилуфар Қудратова, 14 (0:4). Зумратҷон Назарова, 32 (0:5). Мафтуна Шоимова, 33 (0:6). Дилдора Эргашева, 34 (0:7). Мафтуна Шоимова, 37 (0:8). Нозимахон Эргашева, 38 (0:9). Дилдора Эргашева, 39 (0:10). Эзоза Шарипова, 39 (0:11).
Эрон – Тоҷикистон – 12:0
Голҳо: Фотима Попӣ, 6 (1:0). Фаришта Хусравӣ, 7 (2:0). Фаришта Каримӣ, 10 (3:0). Маҳсо Алимададӣ, 17 (4:0). Нисо Абдуллоева, 19 – ба дарвозаи худ (5:0). Соро Ширбейгӣ, 21 (6:0). Фаришта Каримӣ, 24 (7:0). Соро Ширбейгӣ, 24 (8:0). Соро Ширбейгӣ, 32 (9:0). Саҳар Попӣ, 35 (10:0). Саҳар Попӣ, 36 (11:0). Фаришта Хусравӣ, 40 (12:0).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Эрон |
2 |
2 |
0 |
0 |
17-2 |
6 |
2 |
Узбекистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
13-5 |
3 |
3 |
Қирғизистон |
2 |
0 |
1 |
1 |
1-12 |
1 |
4 |
Тоҷикистон |
2 |
0 |
1 |
1 |
1-13 |
1 |
Даври 3-юм
24 январ (душанбе)
15:00 – Қирғизистон – Эрон
18:00 – Тоҷикистон – Узбекистон
Даври 4-ум
25 январ (сешанбе)
15:00 – Эрон – Қирғизистон
18:00 – Узбекистон – Тоҷикистон
Даври 5-ум
27 январ (панҷшанбе)
15:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон
18:00 – Эрон – Узбекистон
Даври 6-ум
28 январ (ҷумъа)
15:00 – Узбекистон – Қирғизистон
18:00 – Тоҷикистон – Эрон
Онхоро Сталин не, балки раисони "ланг"-и хамонвактаи точики худамон "душмани халк" хисобиданд! Барои мансаб, вазифа, рашк, хасад ва гайраю гайра.... Афсус, Сталин душманони асоси халкро нест карда натавонист.
Агар зинда мемонд чизе рушан мешуд, мисли казияи муовини вазири мудофиа Назарзода бисёр сирхо ин даъва низ зери хок рафтанд. Вале то кай?
Россия
Душанбе монополия. Дар казокистон орда бо сомони 170 сомони мешавад.вакте шар номарди шид байни давать бояд то точикистон нархи як линга орда 170 сомони бошад.дар кучо аст инсоф .дар боли як линга орда 170 сомони дигар зам мешавад.аз худо тарсед.
Душанбе