Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, COVID-19 ба Тоҷикистон "баргаштааст"


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 23 мавриди сирояти коронавирус дар кишвар хабар додааст. Дар ду моҳи гузашта мақомот мегуфтанд, ки дар кишвар ягон мавриди нави сироят сабт нашудааст. Мақомоти вазорат дар ин бора ба хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дода, аммо нагуфтаанд, ки гирифторон кадом навъи коронавирусро доранд, Омикрон ва ё навъҳои оддии дигар.

Айни замон дар кишвар мардуми зиёде ба бемориҳои роҳҳои нафас ба мисли сармохӯрдагӣ гирифторанд, ҳарчанд мегӯянд, беморӣ сабук ва зуд мегузарад. Аз ин рӯ мутахассисон ба омори вазорати тандурустӣ дар бораи набуди коронавирус ва ё сирояти ками беморӣ дар миёни мардум шубҳа доранд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз замони оғози пандемия дар кишвар коронавирус ба бештар аз 17 ҳазор нафар сироят карда ва 124 касро куштааст. Омикрон, ки моҳи ноябр дар Африқои Ҷанубӣ сабт шуд, зуд сироят мекунад, вале аломатҳои сабук дорад ва теъдоди беморони бистарӣ аз он кам аст.

XS
SM
MD
LG