Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкену Лавров гуфтугӯҳояшонро созанда хонданд


Дар мулоқот дар Женева
Дар мулоқот дар Женева

Дипломатҳои баландпояи Амрикову Русия ба созиш расиданд, ки кор барои фӯру нишондани танишҳо бар сари Украинаро идома медиҳанд, чун Амрико ваъда додааст, ки ба дархостҳои амниятии Русия хаттӣ посух медиҳад ва эҳтимоли гуфтгугуи дигарбораи президентҳо нигаҳ дошта мешавад.

Энтонӣ Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров аз Русия рӯзи 21-уми январ дар шаҳри Женева мулоқот карданд. Дидор дар замоне сурат гирифт, ки Русия даҳҳо ҳазор сарбозашро дар марзи Украина басиҷ кардааст ва нигарониҳо аз таҷовуз ба хоки ин кишвар зиёд шудааст.

Энтонӣ Блинкен ба Сергей Лавров гуфтааст, ки Амрико ба дархостҳои Маскав ҳафтаи оянда посух медиҳад ва ду тараф метавонанд, дигарбора баъди он мулоқот кунанд. Блинкен ҳамчунин гуфтааст, ки азми Амрико ва шариконаш барои напазируфтани талаби Русия, ки Украина набояд узви НАТО бошад, қавист. Сергей Лавров гуфтугуҳоро “созанда ва муфид” номида ва гуфтааст, умедвор аст, ки “эҳсосот кам мешавад”.

XS
SM
MD
LG