Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон хост, конҳои коркардношуда пас гирифта шаванд


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дастур додааст, ки конҳои коркарднашудаи ин кишвар дубора пас гирифта ва ба ихтиёри соҳибкороне дода шавад, ки "омодаи сармоягузорӣ ҳастанд".

"Сарватҳои табии кишвари мо бояд самаранок истифода шаванд. Ҳукумат бояд ҳамаи конҳоро аз санҷиш гузаронад ва муайян кунад, ки кадоме аз онҳо коркард нашудаанд. Сипас барои коркарди онҳо бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ чора андешад", - изҳор доштааст Тоқаев дар вохӯрӣ бо соҳибкорони Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев пештар дастур дода буд, ки фаъолияти ширкати "Оператор РОП" қатъ шавад.

Ширкати "Оператор РОП" соли 2015 таъсис шуд. Ин ширкат ба таъсиси зерсохтори марбут ба ҷамъоварии партовҳо ва коркарди партовҳо машғул аст. Онро ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медиҳанд.

Алия Назарбоева рабт доштани худро ба ширкати мазкур ошкор накардааст, аммо расонаҳо навиштанд, ки даромади ширкатро Назарбоева соҳиб мешавад.

XS
SM
MD
LG