Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат гуфт, 38 муҳоҷири бандмонда ба Тоҷикистон бозгаштанд


Муҳоҷирони тоҷик, ки дар Осетия дармонда буданд. Акс аз саҳифаи фейсбукии Сафорати Тоҷикистон.
Муҳоҷирони тоҷик, ки дар Осетия дармонда буданд. Акс аз саҳифаи фейсбукии Сафорати Тоҷикистон.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки 38 муҳоҷири бандмондаи тоҷик аз Осетияи Ҷанубӣ ба ватан бозгардонда шуданд. Ин муҳоҷирони тоҷик ба далели маҳдудияти пандемия ва манъи вуруд ба ҳудуди Русия, банд монда буданд.

Сафорат рӯзи 20-уми январ дар хабарномае гуфт, ин шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Схинвалӣ оварда шуданд. Ба қавли намояндагии дипломатӣ ҳамчунин ба муҳоҷирон кӯмакҳои зарурӣ расонида шудааст.

Ин муҳоҷирон чанд маротиба ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар шароити бад қарор доранд ва чанд моҳ аст, ки наметавонанд ба ватан баргарданд. Мақомоти тоҷикро борҳо барои он танқид кардаанд, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ба таври кофӣ ҳимоя намекунанд.

Наздики 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз Русия ихроҷ шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бар инанд, ки дар аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистонро бе ягон қонуншиканӣ ва бо баҳонаҳои ночиз хориҷ мекунанд.

XS
SM
MD
LG