Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белорус барои қабули тағйирот ба Конститутсия раъйпурсӣ баргузор мешавад


Раъйпурсӣ барои қабули Конститутсияи нави Белорус рӯзи 27-уми феврал баргузор мешавад. Дар ин бора Александр Лукашенко рӯзи 20-уми январ қарореро имзо кард. Дар баргаҳои раъйпурсӣ танҳо як суол навишта хоҳад шуд.

Бино ба фармон "Дар бораи таъйини раъйпурсӣ", аз шаҳрвандон пурсида мешавад, ки оё тағйирот ба Конститутсияро қабул доранд. Натиҷаҳои раъйпурсӣ баъди 10 рӯзи ин маърака ба ҳукми иҷро медарояд.

Матни тағйирот ба Конститутсия аз 22 саҳифа иборат аст. Дар тарҳи мазкур Маҷлиси мардумии умумибелорусӣ ҷо дода шудааст, ки дорои салоҳиятҳои олист. Дар матни нави Конститутсия муҳлати президентӣ барои як шаҳрванд ду давра муайян шудааст. Ҳамзамон, бино ба матни нав, аз порлумон салоҳияти эъломи нобоварӣ ба президент гирифта мешавад.

Дар тарҳи нави Конститутсия моддае ҳазф шудааст, ки ин кишварро холӣ аз силоҳи ҳастаӣ ва бетараф эълом мекунад. Бекор кардани ин модда ба Минск иҷоза медиҳад, силоҳи ҳастаии Русияро дар ҳудуди худ ҷо диҳад ва бо Маскав эътилофи низомӣ ташкил кунад.

Лукашенко баъди эътирозҳои мардумӣ дар тобистони соли 2020 ваъдаи ислоҳоти Конститутсияро дода буд. Аммо бар хилофи ваъдаҳои пешин, Конститутсияи нав ба Лукашенко иҷоза медиҳад, ки сари қудрат боқӣ монад.

XS
SM
MD
LG