Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Тошканд


Варзишгарони тоҷик дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки рӯзҳои 21-29-уми январ дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа, ки бори аввал доир мегардад, варзишгарон (мардону занон) аз Узбекистон, Тайланд, Ҷопон, Филиппин, Тоҷикистон, Муғулистон, Қирғизистон ва Малайзия аз довталабони асосии медалҳо хоҳанд буд. Умуман, дар ин мусобиқа варзишгарони 16 кишвар ширкат меварзанд.

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19 варзишгар (14 мард ва 5 зан) дохиланд:

Мардон

48 кг – Усмонҷон Мирзоев
51 кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода
54 кг – Искандарбек Рустамов
57 кг – Хусравхон Раҳимов
60 кг – Абдураҳмон Ёқубов
63,5 кг – Файзалӣ Ғуломов
67 кг – Расул Аҳадов
71 кг – Хуршед Усвалиев
75 кг – Абдумалик Болтаев
80 кг – Некрӯз Салимов
86 кг – Шаҳбоз Ҳайитов
92 кг – Баҳман Расулов, Давлат Болтаев
+92 кг – Муҳаммад Аброриддинов

Занон

48 кг – Сумайя Қосимова
50 кг – Руҳафзо Ҳақназарова
52 кг – Ҳусния Холова
60 кг – Умедахон Зокирова
63 кг – Малика Нозимова

Маросими ифтитоҳи мусобиқа имрӯз, 21-уми январ, баргузор мешавад. Рӯзи аввали рақобатҳо 22-юми январ ва финал ду рӯз – 28-29-уми январ ба нақша гирифта шудааст.

Занҳо дар 12 вазн - аз 48 кг то +81 кг, мардҳо дар 13 вазн - аз -48 кг то +92 кг қувваозмоӣ мекунанд.

Ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола

21-уми январ - маросими ифтитоҳи мусобиқа
22-юми январ - даврҳои муқаддамотӣ
23-24-уми январ - чорякфинал
25-26-уми январ - нимфинал
27-уми январ - рӯзи истироҳат
28-29-уми январ - финал

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG