Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон поён ёфт. Аз комёбӣ гуфтаанд, на аз мушкилот? ВИДЕО


Кохи Миллат дар Душанбе
Кохи Миллат дар Душанбе

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 20-уми январ паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорони мустақил ба поён расид.

Бино ба иттилои расмӣ, дар маҷлис бештар аз пешрафтҳо гуфтаанд, аммо маълум нест, ки оё аз камбуду мушкилот низ суҳбат шудааст ё не.

Дар хабари дафтари матбуоти президент танҳо аз “муваффақият дар соли гузашта” ёдоварӣ шудааст. Аз ҷумла, нахуствазир Қоҳир Расулзода соли 2021-ро барои кишвар “соли воқеан таърихӣ” хондааст.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Тоҷикистон шоҳиди муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулот, тағйири қудрат дар Афғонистони ҳамсоя, эътирозҳо дар Хоруғ ва мушкили бебарқӣ буд. Дар хабаре, ки дафтари матбуоти президент нашр кард, дар бораи баррасии ин масъалаҳо чизе гуфта нашудааст.

Дар хабарномаи расмӣ танҳо дар бораи ҳисоботи блоки иқтисодии кишвар суҳбат шудааст. Маълум нест, ки роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ба президент чӣ гузориш доданд ва аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чӣ шуниданд.

Рӯзи 20-уми январ хабарнигорони Радиои Озодӣ дар танаффуси ҷаласаи солонаи ҳукумат талош карданд, бо аъзои ҳукумат суҳбат кунанд. Вале ягон нафари онҳо ҳозир нашуд, бо мо суҳбат кунад.

Дар ҷаласаи васеъ раҳбарони ҳамаи шарҳу ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои давлатӣ, сарварони донишгоҳҳову бонкҳои кишвар ширкат доштанд.

Як ширкатдори ҷаласа гуфт, дар қисмати аввал “саноатикунонии кишвар яке аз мавзуъҳои ҷаласаи солонаи кишвар буд”. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, бо ҳадафи таъмини сокинон бо ҷойи кор саноатикунониро ҳадафи чоруми худ эълон кардааст. Ҳар сол ҳудуди як миллион шаҳрванди кишвар барои дарёфти кору даромад ба муҳоҷират мераванд.

Дар ҳамин ҳол бархе манобеъ мегӯянд, дар пайи ҷаласаи ҳукумат эҳтимол баъзе тағйироти кадрӣ сурат бигирад. Чизе, ки рӯзи 20-уми январ иттифоқ науфтод.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон. Танҳо аз натиҷаҳо мегӯянд, ё ...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00
XS
SM
MD
LG