Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 субҳи панҷшанбеи 20-уми январ барои доир кардани ҷамъомади таълимиву тамринии дуҳафтаина ба Туркия парвоз намуд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия, ки аз 20-уми январ то 4-уми феврал идома хоҳад кард, 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия чаҳор бозии санҷишӣ дар назар аст. Дар бораи ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дертар маълумот дода мешавад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия озими Беларус шуда, дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5-ум то 14-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Суннатулло Исмоилов, Абубоқир Маҳмудов (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммадҷон Орипов, Баракатулло Неъматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманнон Ҳоҷӣ Нуъмонзода, Беҳрӯз Хуҷаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров (ҳама аз Академияи футболи ФФТ).
Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.
Пештар СССР буд ва аз зулми раисчхои махалли ба Москва шикоят мекарданд. Холо бошад касе ба доди мардуми одди намерасад. Бо чунин эхтироми раисчахо ва додарони раисчахо ва бо чунин рафтор нисбати мардуми одди боварии мардум аз Чаноби оли мегардад. Мардум ноумед мешавад.
Рахмонов Эмомали Шарипович, илтимос ба истеъфо равед. Худат медони ки мардум аз ту ва авлодат безор шудааст ва туро дигар намехоханд.30 соли дароз хукмрони карди вале натичаи хамаи кору захмати 30 солаат ба сифр баробар аст. Боре гуфта буди ки як бародари тракторист дориву халос аммо имруз ба як кабилаи калон ки хуни мардумро макида истодааст табдил гаштед. Озоди ту хамеша дар бари халк буди дигар ВАО-и Точикистон хамааш лаганбардору чоплус шудаанд. Ту Радиои Озоди шери нари.
Ана барои ҳами меганку шукр кунед ки чунин ватани азизу муқаддас доред шукр кунед шукр
Сад афсуски мо худбин шудем берахм шудем ба одамони мансабдор хама чиз мункину ба мардуми оди хеч чиз сад афсус кори хуб нашудас умдатан ин як мушкили тамоми чумхури хаст хама заминхо дар дасти вазифадоро дехкон дар мардикори
Ба телефони бовари ВКД занг занед 221.21.21